Оғози мурофиаи додгоҳии пурсарусадои оилаи Раҳматовҳо дар Суғд

Ҳайати мушовараи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди вилояти Суғд ба баррасии парвандаи пурсарусадои оилаи Раҳматовҳо, ки муддати 10 сол дар қаламрави вилояти Суғд ба содир кардани ҷиноятҳои вазнин машғул буд, оғоз кард. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз суди вилоят дар ин робита иттилоъ дод, дар ин мурофиа 7 нафар аъзои оилаи Раҳматовҳо: падари […]

Мавлуда Рофиева



Ҳайати мушовараи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди вилояти Суғд ба баррасии парвандаи пурсарусадои оилаи Раҳматовҳо, ки муддати 10 сол дар қаламрави вилояти Суғд ба содир кардани ҷиноятҳои вазнин машғул буд, оғоз кард.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз суди вилоят дар ин робита иттилоъ дод, дар ин мурофиа 7 нафар аъзои оилаи Раҳматовҳо: падари хонавода – Ваҳҳоб Раҳматови 76-сола, Валӣ Раҳматови 54-сола, Олим Раҳматови 45-сола, Адиба Раҳматоваи 47-сола, Сарвиноз Раҳматоваи 27-сола, Атам Раҳматови 20-сола ва Қиёмиддин Раҳматови 21-сола дар курсии айбдорӣ нишастаанд.

Боз як узви оилаи ҷиноятпнеша – сокини 49-солаи шаҳри Хуҷанд Муҳиддин Раҳматов, яке аз гумонбарони қатли 5 узви хонаводаи Бобоевҳо, аз ҷумла 3 нафар ноболиғон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рӯзи 7 сентябри соли гузашта дар тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и шаҳри Хуҷанд

аз олам даргузашт

.

Ёдрас мекунем, ки моҳи августи соли гузашта сардори Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд, генерал-майори милиса Шариф Назарзода ба журналистон иттилоъ дода буд, ки гурӯҳи муташаккили ҷиноятпешае, ки бо истифода аз силоҳи оташфишон дар қаламрави вилояти Суғд ҷиноятҳои вазнин содир кардааст, ошкор гардид.

Муайян карда шуда буд, ки давоми ин муддат гурӯҳ як қатор ҷиноятҳои вазнин содир намуда, 1 млн. 600 ҳазор сомонӣ маблағҳои соҳибкоронро ғорат кардааст.

Қобили зикр аст, ки 

шаби рӯзи 2 июни соли 2013

 дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ афроди номаълум як оилаи бутун, аз ҷумла се нафар ноболиғонро ба қатл расонида буданд.  

Ин ҳодиса дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба вуқӯъ пайваста, бо истифода аз силоҳи оташфишони автомат ҷинояткорон Аҳмадхӯҷа Бобоев, ҳамсари ӯ Ҳаётхон Бобоева, фарзандони ноболиғи онҳо – Рухшона Бобоеваи 16-сола, Суҳробҷон Бобоеви 15-сола ва Санҷарбек Бобоеви 6-соларо ба қатл расонида буданд.

Ба иттилои манбаъ, оилаи Раҳматовҳо дар содир намудани ҷиноятҳо мутобиқи моддаҳои 104, қ. 2, бандҳои «А,Е,Ж,З,И,Л», 249, қ. 4, бандҳои «Б,В», 255, қ. 2, 195 қ. 3 ва 186-и Кодекси ҷиноии ҶТ айбдор карда мешаванд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

“Тоскулоҳи бузург”-и Душанбе: кадоме аз ҷудокорон меоянд ва даъвогарони пирӯзӣ кистанд?

Барои Тоҷикистон ин на танҳо оғози мавсим дар хона, балки санҷиш муқобили ҳарифони пурқувват аз Аврупо, Осиё ва фазои пасошӯравӣ хоҳад буд.

Дар Суғд раиси як хоҷагӣ ду ҳамдеҳаашро бо милтиқ парондааст

Ҳарду сокини тирхурда ҷон бохтаанд ва ҷанозаи онҳоро имрӯз ба хок супоридаанд.

Идомаи достони наҷоти духтар аз сӯйи як мактабхон. Раҳматулло қадрдонӣ шуд ва ваъдаи таҳсили ройгон гирифт

Модари ин навраси тоҷик мегӯяд, ифтихор дорад ки чунин фарзанди ҷасуру боирода тарбия кардаву ба воя расонидааст.

Шералӣ Кабир: Имрӯз “Азия-Плюс” садои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва оинаи даврон аст!

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон “Азия-Плюс”-ро бо солгардаш табрик гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 76

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.