Аз аввали сол сомонӣ нисбати доллар қариб 7,3% беқурб шуд

Аз оғози соли ҷорӣ қурби арзи миллии Тоҷикистон (сомонӣ) нисбати доллари ИМА қариб ба миқдори 7,3% поин рафт. Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) қурби сомонӣ нисбати доллари ИМА ба имрӯзро дар сатҳи 7.4995 сомонӣ барои 1 доллари ИМА муқаррар кардааст. Санаи 31 декабри соли гузашта ин рақам ба 6.9902/1 баробар буд. Ҳамин тариқ, дар ин давра […]

Пайрав Чоршанбиев



Аз оғози соли ҷорӣ қурби арзи миллии Тоҷикистон (сомонӣ) нисбати доллари ИМА қариб ба миқдори 7,3% поин рафт.

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) қурби сомонӣ нисбати доллари ИМА ба имрӯзро дар сатҳи 7.4995 сомонӣ барои 1 доллари ИМА муқаррар кардааст. Санаи 31 декабри соли гузашта ин рақам ба 6.9902/1 баробар буд.

Ҳамин тариқ, дар ин давра Бонки миллӣ маҷбур шуд қурби расмии сомонӣ нисбати доллари ИМА-ро ба андозаи 7,28% коҳиш диҳад.

Дар ҳамин ҳол, қурби миёнаи сомонӣ нисбати доллар дар марказҳои хизматгузории бонкӣ ва нуқтаҳои мубодилаи асъори ташкилотҳои қарзӣ айни замон 8.20 сомонӣ барои 1 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, вале ба қавли кормандони ин муассисаҳо, харидани доллар бо ин қурб бинобар сабаби мавҷуд набудани он ғайриимкон мебошад.

Қобили зикр аст, ки имрӯз долларро метавон танҳо дар ба истилоҳ «бозори сиёҳ» харидорӣ намуд, ки аввали моҳи декабри соли гузашта баъди аз ҷониби Бонки миллӣ баста шудани нуқтаҳои мубодилаи асъор ба вуҷуд омад.

Тибқи баъзе маълумот, айни замон қурби миёнаи фурӯши доллар дар ин бозорҳои ғайриқонунӣ то ба 8,70 сомонӣ барои 1 доллари ИМА мерасад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар Суғд раиси як хоҷагӣ ду ҳамдеҳаашро бо милтиқ парондааст

Ҳарду сокини тирхурда ҷон бохтаанд ва ҷанозаи онҳоро имрӯз ба хок супоридаанд.

Идомаи достони наҷоти духтар аз сӯйи як мактабхон. Раҳматулло қадрдонӣ шуд ва ваъдаи таҳсили ройгон гирифт

Модари ин навраси тоҷик мегӯяд, ифтихор дорад ки чунин фарзанди ҷасуру боирода тарбия кардаву ба воя расонидааст.

Шералӣ Кабир: Имрӯз “Азия-Плюс” садои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва оинаи даврон аст!

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон “Азия-Плюс”-ро бо солгардаш табрик гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 76

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 апрели соли 2026

Аз қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистон то зодрӯзи Қиёмиддин Чақалзодаву Дилшод Раҳимӣ ва Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи меҳнат