«Амонатбонк» ҳаҷми қарздиҳиро 1,5 баробар зиёд кард

spot_imgspot_img

Дата:



Дар муқоиса бо соли гузашта дар Бонки давлатии амонтагузории «Амонатбонк» соли 2015 ҳаҷми қарздиҳӣ 1,5 баробар афзуд.

Раиси БДА «Амонатбонк» Руҳулло Ҳакимзода ба рӯзноманигорон дар ин робита иттилоъ дод, ки соли 2015 бонк ба 28 ҳазор нафар мизоҷон ба маблағи умумии 1,3 млрд. сомонӣ қарзҳо пешниҳод намуда, «ғайр аз ин, ҷиҳати дастгирии бонкҳои ҷумҳурӣ ба ин муассисаҳо низ қарз додааст».

Ба қавли Ҳакимзода, тақсимоти воситаҳои қарзӣ дар соли гузашта миёни бахшҳои муҳимтарини иқтисоди ҷумҳурӣ ба таври зайл сурат гирифтаанд: ба бахши кишоварзӣ – 21,6%; саноат – 19,6% сохтмон – 23,5%; эҳтиёҷоти истеъмолӣ – 11,4% савдо – 17,9%; нақлиёт – 5,2% ва дигар соҳаҳо – 0,8%.

Номбурда изҳор намуд, ки бақияи сандуқи қарзии БДА «Амонатбонк» дар охири соли гузашта 1,1 млрд. сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба соли 2014 ба миқдори 21% зиёдтар аст.

Ҳакимзода ҳамчунин таъкид дошт, ки дар шароити таъсири буҳрони ҷаҳонии молӣ мушкилоти баргардонидани қарзҳои муҳлаташон гузашта ба вуҷуд омадааст, ки мувофиқи имкон ҳаллу фасл мешаванд. «Кормандони мо ҳамарӯза бо ин қарзҳо сарукор доранд», – афзуд раиси бонк. 

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...