Кормандони милитсия рӯзи 19 январ марди 28-солаи сокини шаҳри Душанберо ба гумони ҷалби одамон барои истисмор дастгир кардаанд.
Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар шарҳи ин ҳодиса менависад, муайян карда шудааст, ки гумонбаршуда, моҳи августи соли 2013 зани 23-солаи сокини шаҳри Душанберо бо роҳи фиреб, бо баҳонаи бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудан ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия даъват намуда, дар он ҷо ба муддати 4-моҳ маҷбурӣ кор фармуда, музди меҳнаташро ба маблағи 100 ҳазор рубли русӣ ба манфиати худаш сарф намудааст.
Гуфта мешавад, ҳамин тариқ, гумонбаршуда ҷавони 21-солаи сокини шаҳри Душанберо низ бо роҳи фиреб барои кор ба ш.Москва ҷалб намуда, дар муддати 3-моҳ маҷбурӣ кор фармуда, музди меҳнаташро ба маблағи 100 ҳазор рубли русӣ аз они худ кардааст.
Зимнан зикр мегардад, ки нисбати дастгиршуда парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
