Парлумон ба омӯзиши лоиҳаи тағйирот ба Конститутсия шурӯъ мекунад



Палатаи поёнии парлумон рӯзи 22 январ ба баррасии лоиҳаи тағйирот ба Конститусияи ҷумҳурӣ шурӯъ мекунад.

Лоиҳаи тағйироту илова, ки аз ҷониби 27 нафар вакилони Маҷлиси намояндагон ва 16 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ таҳия шудааст, дар иҷлосияи палатаи поёнии парлумон баррасӣ мешавад.

Тавре як манбаъ аз парлумони ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, ҳамчунин санаи дақиқи баргузор намудани раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Конститутсия низ маълум мегардад.

Мутобиқи лоиҳаи тағйироти омодашуда ба Конститутсияи Тоҷикистон, президенти амалкунандаи кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвои миллат ба мансаби сарвари давлат ба шумори номаҳдуд интихоб шуда метавонад.

Дар лоиҳаи тағйирот аз ҷумла гуфта мешавад, ки

«Дар моддаи 65:

– қисми дуюм дар таҳрири зерин дарҷ шавад:

– «Ба номзадии Президент шахсе пешбарӣ шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Тоҷикистонро дошта бошад, синнусоли ӯ аз 30 кам набошад, маълумоти олӣ дошта бошад, забони давлатиро донад ва дар қаламрави ҷумҳурӣ на камтар аз 10 соли охир истиқомат дошта бошад».

– бо қисмати панҷум бо мазмуни зер илова шавад:

«Маҳдудиятҳое, ки дар қисми чоруми ин модда пешбинӣ шудаанд, ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат дахл надоранд. Мақоми ҳуқуқӣ ва ваколатҳои Асосгузори сулҳу ваҳдат – Пешвои миллатро қонуни конститутсионӣ муайян мекунад».

Айни замон моддаи зерин чунин дарҷ ёфтааст:

Моддаи 65

«Президентро шаҳрвандони Тоҷикистон ба тарзи умумӣ, мустақим, баробар ва овоздиҳии пинҳонӣ ба мӯҳлати 7 сол интихоб менамоянд (дар таҳрири қабулшуда дар раъйпурсии 26 сентябри соли 1999).

Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синни ӯ аз 35 кам набошад, забони давлатиро донад ва дар қаламрави ҷумҳурӣ на камтар аз 10 соли охир истиқомат дошта бошад, метавонад ба номзадии Президент пешниҳод гардад.  Шахсе ба номзадии Президент ба қайд гирифта мешавад, ки ҳадди ақал 5 фоизи интихобкунандагон ба пешниҳоди номзадии ӯ имзо гузошта бошанд. Як шахс ба вазифаи Президент бештар аз ду мӯҳлат пай дар пай интихоб шуда наметавонад».

Ёдрас мекунем, ки қонун «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» ахири соли гузашта аз ҷониби парлумон қабул шуда, 30 декабр президент онро ба имзо расонид.

Қобили зикр аст, ки дар сурати қабул шудани тағйироти мазкур Рустами Эмомалӣ, писари калонии президенти амалкунанда Эмомалӣ Раҳмон низ ҳуқуқ пайдо мекунад, ки номзадии худро ба маъракаи интихоботи президентӣ дар соли 2020 гузорад.

Рустами Эмомалӣ соли 2020 33-сола шуда, мутобиқи Конститутсияи амалкунанда ба пешбарии номзадии худ ба мансаби президентӣ ҳуқуқ нахоҳад дошт. Бар асоси меъёрҳои Конститутсияи амалкунанда, шаҳрванди аз 35-сола боло метавонад номзадии худро ба мансаби президентӣ пешбарӣ намояд.

Ғайр аз ин, ворид намудани тағйироту илова ба моддаи 28-и Конститутсия низ дар назар аст, ки ба таъсиси ҳизбҳои сиёсӣ дахл дорад. Аз ин модда бекор шудани ҳуқуқи шаҳрвандон ба таъсиси ҳизбҳои сиёсии дорои хусусияти динӣ пешбинӣ мешавад.

Ҳамчунин дар Конститутсия таҳкими шакли президентии ҳокимият пешбинӣ мешавад, ки моҳиятан шакли ҳокимият дар Тоҷикистон аст, вале дар Конститутсияи амалкунанда ин дарҷ наёфтааст.

Мутобиқи тағйироту иловаи пешбинишуда, синнусоли ягона ҳам барои вакилони Маҷлиси намояндагон ва ҳам аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ – 30 сол муқаррар карда мешавад. Айни замон меъёри синнусол барои вакилони палати поёнии парлумон – 25 сол ва аъзои палатаи болоо парлумон – 35 солро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин боз якчанд тағйироту иловаҳо ворид карда мешаванд, ки ба шарҳу тавзеҳи бештар саҳеҳи ин ё он моддаи Қонуни асосии кишвар вобастаанд.

Конститутсияи амалкунандаи Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шуда буд.

spot_imgspot_img

Популярное