Ҷустуҷӯи 14 сокини Хатлон ба гумони даст доштан дар ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалим

Сардори Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Баҳром Шарифзода зимни нишасти хабарӣ изҳор намуд, ки 43 нафар сокинони вилоят ба кӯшиши табаддулоти давлатӣ таҳти раҳбарии собиқ муовини вазири мудофиаи ҷумҳурӣ Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим) дар моҳи сентябри соли гузашта даст доранд. Ба гуфтаи ӯ, аз ин шумор 23 нафар боздошт ва 6 нафар ҳангоми амалиёти […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+



Сардори Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Баҳром Шарифзода зимни нишасти хабарӣ изҳор намуд, ки 43 нафар сокинони вилоят ба кӯшиши табаддулоти давлатӣ таҳти раҳбарии собиқ муовини вазири мудофиаи ҷумҳурӣ Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим) дар моҳи сентябри соли гузашта даст доранд.

Ба гуфтаи ӯ, аз ин шумор 23 нафар боздошт ва 6 нафар ҳангоми амалиёти махсуси сохторҳои қудратӣ дар моҳи сентябр кушта шуда, боз 14 нафари дигар мавриди ҷустуҷӯ эълон шудаанд.

Ёдрас мекунем, ки санаи 4 сентябри соли 2015 дар шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат ҳамлаҳои мусаллаҳона сурат гирифта, дар натиҷа 9 тан аз кормандони мақомоти корҳои дохилии кишвар ҳалок шуданд.

Масуълияти ин ҳамлаҳоро ҳукумат ба дӯши собиқ муовини вазири мудофиа Назарзода вогузор намуд. Дар дараи Ромит амалиёт муқобили гурӯҳи генерал муддати 12 рӯз идома ёфта, Назарзода ва чанде аз ҳаммаслакони ӯ кушта шуданд.

Прокуратураи генералии Тоҷикистон дар ин робита иттилоъ дод, ки Назарзода як гурӯҳи иборат аз 300 нафарро созмон дода, ба табаддулоти давлатӣ даст заданӣ будааст. Тибқи маълумоти расмӣ, то имрӯз беш аз 150 нафар аъзои гурӯҳи Ҳоҷӣ Ҳалим боздошт шудаанд.

Пас аз ин ҳодисаҳо Суди олии Тоҷикистон бо қарори худ фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар қаламрави кишварро манъ карда, раҳбарияти ҳизб ба даст доштан дар исёни Ҳоҷӣ Ҳалим гунаҳкор карда шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.