Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон қариб 1 млрд. доллар кам шуд

Дар муқоиса бо соли 2014 ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар соли 2015 ҳудуди 950 млн. доллари ИМА кам шуд. Соли 2015 ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон зиёда аз 4,3 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2014 ба андозаи 18% камтар аст. Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, тавозуни савдо […]


Дар муқоиса бо соли 2014 ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар соли 2015 ҳудуди 950 млн. доллари ИМА кам шуд. Соли 2015 ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон зиёда аз 4,3 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2014 ба андозаи 18% камтар аст.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, тавозуни савдо дар ин давра манфӣ буда, зиёда аз 2,5 млрд. доллари ИМА-ро ташкил додааст.

Ҳаҷми содироти мол давоми соли гузашта 8,9% (86,7 млн. $) коҳиш ёфта, ҳамагӣ каме бештар аз 890 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст. Аз ҷумла ҳаҷми содироти воситаҳои нақлиёт – 29,4%, маҳсулоти минералӣ – 10,1%, металлҳои арзон ва маснӯот аз он – 4,5% ва маҳсулоти растанӣ – 2,3% коҳиш ёфтааст.

Ҳаҷми воридоти мол 20,1% (862,54 млн. $) коҳиш ёфта, ба беш аз 3,4 млрд. доллари ИМА баробар шудааст. Дар ин самт метавон аз коҳиши воридоти воситаҳои нақлиёт ба андозаи 54,2%, маҳсулоти минералӣ – 31,9%, маснӯот аз санг, гач ва семент – 30%, чӯб ва маснӯот аз он – 29,2%, маҳсулоти чорво – 20,9% ва маҳсулоти тайёри ғизойӣ – 16,7% маълумот дод.

Соли гузашта Тоҷикистон бо 88 кишвари дунё муомилоти молӣ анҷом додааст. Шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон дар ин давра Русия (беш аз 1,1 млрд. $), Чин (793 млн. $) ва Қазоқистон (ҳудуди 702 млн. $) дониста шудаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.