Ду бозии футзалистону Тоҷикистону Ӯзбекистон дар Тошканд

Дастаи мунтахаби футзал (футболи хурд)-и Тоҷикистон бо соҳибони мусобиқаи Чемпионати Осиё-2016 оид ба футзал – дастаи Ӯзбекистон ду вохӯрии дӯстона мегузаронад. Роҳбари департаменти техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) Комрон Шодиев ба сомонаи расмии Федератсия дар ин робита иттилоъ додааст, ки вохӯрии аввали дӯстона рӯзи 27 январ ва бозии дигар санаи 28 январ барпо мешаванд. Ҳарду […]



Дастаи мунтахаби футзал (футболи хурд)-и Тоҷикистон бо соҳибони мусобиқаи Чемпионати Осиё-2016 оид ба футзал – дастаи Ӯзбекистон ду вохӯрии дӯстона мегузаронад.

Роҳбари департаменти техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) Комрон Шодиев ба сомонаи расмии Федератсия дар ин робита иттилоъ додааст, ки вохӯрии аввали дӯстона рӯзи 27 январ ва бозии дигар санаи 28 январ барпо мешаванд. Ҳарду вохӯрӣ дар шаҳри Тошканд баргузор мешавад.

Ёдрас мекунем, ки Чемпионати Осиё-2016 оид ба футзал аз 10 то 21 феврал дар шаҳри Тошканд доир гардида, футзалистони тоҷик дар гурӯҳи «С» бо дастаҳои мунтахаби Тайланд, Ветнам ва Тайван рақобат мекунад.

Футзалистони тоҷик бозии аввалро рӯзи 11 феврал бо дастаи Таиланд, сипас вохӯрии дуюмро санаи 13 феврал бо дастаи Ветнам ва бозии охир дар даври гурӯҳиро рӯзи 15 феврал бо тими мунтахаби Тайван мегузаронанд.

Ҳайати гурӯҳҳо баъди қуръакашӣ чунин шакл гирифтанд:


Гурӯҳи «А»:

Арабистони Саудӣ, Қирғизистон, Лубнон, Узбекистон.


Гурӯҳи «В»:

  Ироқ, Урдун, Чин, Эрон.


Гурӯҳи «С»:

Ветнам, Тайван, Тайланд, Тоҷикистон.


Гурӯҳи «D»:

  Австралия, Қатар, Малайзия, Ҷопон.

Ду дастаи беҳтарини гурӯҳҳо ба давраи чаҳорякфиналии Чемпионати Осиё роҳ меёбанд. Дар сурати ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфтани тими мунтахаби Тоҷикистон, ӯ бо яке аз дастаҳои гурӯҳи «D» (Австралия, Қатар, Малайзия, Ҷопон) бозӣ мекунад.

Қобили зикр аст, ки панҷ дастаи беҳтарини Чемпионати Осиё дар Ӯзбекистон ба қисмати финалии Чемпионати ҷаҳон оид ба футзал-2016 роҳхат мегиранд, ки аз 10 сентябр то 2 октябр дар Колумбия баргузор мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.