Дар Перм овозхони тоҷик ба 16 соли зиндон маҳкум шуд



Дар шаҳри Перми Русия як овозхон аз Тоҷикистон барои фурӯши маводи мухаддири сахтаъсири героин ба 16 соли зиндон маҳкум шуд.

Ширкати телевизионии

«Рифей-Пермь»

дар ин робита менависад, сарояндаи тоҷикро моҳи сентябри соли 2014  боздошт намуда буданд. Дар шаҳри Перм тӯли се моҳ ба ӯ муяясар гардидааст, ки  фурӯши героинро дар ҳаҷми зиёд ба роҳ монад. Сипас якчанд далелҳои аз ҷониби ӯ фурӯхта шудани беш аз 100 грамм героин ошкор шуда, кормандони пулис овозхон ва ҳамчунин як хеши ӯро, ки ба ӯ дар ин кор кумак мекард, боздошт намудаанд.

Ба иттилои сомонаи шаҳри Перм

59.ru

 , боздоштшуда дар Тоҷикистон ба фаъолияти эҷодӣ машғул буда, дар озмун ва чорабиниҳои омммавии фарҳангӣ иштирок мекардааст ва ҳамчунин наворҳои видеоии сурудхонишаро сабт мекардааст.

Гуфта мешавад, дар мурофиаи додгоҳӣ чор далели иштироки ӯ дар фурӯши  беш аз 320 грамм героин исботи худро ёфта, бо ҳалномаи суд овозхон ба 16 соли зиндони низомаш шадид ва ҷарима дар ҳаҷми 500 ҳазор рубл маҳкум шудааст.

spot_imgspot_img

Популярное