Баррасии натиҷаҳои буҷети соли 2015 дар Вазорати молия

Дар Вазорати молияи Тоҷикистон ахири ҳафтаи сипаришуда натиҷаҳои иҷрои буҷети давлатӣ дар соли 2015 баррасӣ шуданд. Бино ба маълуомти котиботи Вазорати молияи ҶТ, дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорат масоили марбут ба иҷрои Буҷети давлатии Тоҷикистон дар соли 2015 ва вазифаҳо оид ба рушд ва идоракунии пурсамари воситаҳои молияи давлатӣ дар соли 2016 мавриди муҳокима қарор […]



Дар Вазорати молияи Тоҷикистон ахири ҳафтаи сипаришуда натиҷаҳои иҷрои буҷети давлатӣ дар соли 2015 баррасӣ шуданд.

Бино ба маълуомти котиботи Вазорати молияи ҶТ, дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорат масоили марбут ба иҷрои Буҷети давлатии Тоҷикистон дар соли 2015 ва вазифаҳо оид ба рушд ва идоракунии пурсамари воситаҳои молияи давлатӣ дар соли 2016 мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Қобили зикр аст, ки соли 2015 ҳаҷми умумии буҷети давлатии ҷумҳурӣ 16 млрд. 630,1 млн. сомонӣ ё худ 100,4% аз нақшаи тасҳеҳшударо ташкил дод.

Дар ҳамин ҳол, Нақшаи кории ҳайати мушовараи Вазорати молия дар нимсолаи аввали соли 2016 тасдиқ шуд. Дар ҷаласа ҳисоботҳои роҳбарони Раёсатҳои молияи шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳо доир ба фаъолият дар соли 2015 ва вазифаҳо дар соли 2016 шунида шуданд.

Зимни ҷамъбасти кори ҳайати мушовара вазири молияи кишвар Абдусалом Қурбониён ба кормандони масъули низом оид ба иҷрои хушсифати буҷети давлатӣ барои соли 2016 дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Вазири молия таъкид дошт, ки ҳамаи роҳбарони мақомоти молия ва ташкилотҳои зертобеъи вазорат бояд баҳри иҷрои вазифаҳои гузошташуда ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ диҳанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.