Бунёди гулгашт дар пойтахт дар масоҳати 15 гектар

Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев рӯзи 23 январ машварати корӣ доир намуд, ки дар он масоили марбут ба тезонидани суръати корҳои сохтмон дар иншооти сохташаванда аз ҳисоби буҷети пойтахт баррасӣ шуд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории Душанбе дар ин робита иттилоъ дод, раиси пойтахт аз Академияи илмҳои ҷумҳурӣ дархост намудааст, ки дар […]



Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев рӯзи 23 январ машварати корӣ доир намуд, ки дар он масоили марбут ба тезонидани суръати корҳои сохтмон дар иншооти сохташаванда аз ҳисоби буҷети пойтахт баррасӣ шуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории Душанбе дар ин робита иттилоъ дод, раиси пойтахт аз Академияи илмҳои ҷумҳурӣ дархост намудааст, ки дар муддати ду ҳафта консепсияи азнавсозии гулгашт дар майдони умумии 15 гектар дар қаламрави кӯчаи Низомии Ганҷавиро омода созанд.

Раиси шаҳр ба хадамоти дахлдор ҷиҳати ҷудо кардани қитъаи замин ба Академияи илмҳои ҷумҳурӣ дар қаламрави кӯчаи Садриддин Айнӣ барои сохтмони мактаби рушди зеҳнӣ дастур додааст.

М.Убайдуллоев ҳамчунин таваҷҷуҳи ҳозирин ва мақомоти шаҳрро ба иҷрои хушсифати корҳо дар иншооте, ки аз ҳисоби буҷети шаҳр сохта мешаванд, ҷалб намудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.