Имкони имзои созишномаи ҳамкорӣ миёни мақомоти муҳоҷирати ҶТ ва Салиби Сурх

Зимни вохӯрии роҳбари намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия оид ба муҳоҷират Зоҳир Мирзоев бо роҳбари намояндагии Федератсияи байнулмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар Даврон Муҳаммадиев ва директори департаменти байнулмилалии Салиби Сурхи Русия Сергей Кабетс масоили ҳамоҳангсозии фаъолият оид ба беҳбуди корҳо дар самти риояи ҳуқуқҳои иҷтимоӣ ва тиббии муҳоҷирони […]



Зимни вохӯрии роҳбари намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия оид ба муҳоҷират Зоҳир Мирзоев бо роҳбари намояндагии Федератсияи байнулмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар Даврон Муҳаммадиев ва директори департаменти байнулмилалии Салиби Сурхи Русия Сергей Кабетс масоили ҳамоҳангсозии фаъолият оид ба беҳбуди корҳо дар самти риояи ҳуқуқҳои иҷтимоӣ ва тиббии муҳоҷирони тоҷик дар қаламрави Русия баррасӣ шуданд.

Котиби матбуоти намояндагии мақомоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия Иброҳим Аҳмадов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки зимни мулоқот таъкид шудааст, ки намояндагӣ дар ҳамдастӣ бо созмонҳои байнулмилалӣ ва минтақавӣ як қатор лоиҳаҳоеро амалӣ месозад, ки ба ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои муҳоҷирони корӣ, шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия нигаронида шудааст.

Бинобар сабаби зарурати кумак ба муҳоҷирон оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои онҳо ба хизматгузории тиббӣ дар муассисаҳои тиббӣ, ҷонибҳо изҳори назари ягона кардаанд, ки фаъолиятро дар самти беҳбуди сатҳи огаҳии муҳоҷирон оид ба пешгирии бемориҳои аз нигоҳи иҷтимоӣ хатарнок мебояд ҳамоҳанг сохт.

Дар ҷараёни мулоқот оид ба баргузор намудани як қатор чорабиниҳои муштараки иттилоотиву машваратӣ дар самти пешгирии бемориҳои аз нигоҳи иҷтимоӣ хатарнок тасмим гирифта шудааст.

Аз рӯи натиҷаҳои вохӯрӣ ҷонибҳо бобати баррасии масъалаи имзои созишномаи дахлдор дар бораи ҳамкорӣ дар ин самт миёни намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия оид ба муҳоҷират ва Салиби Сурхи Русия ба мувофиқа расидаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

То +45°C ва баъзан борон меборад: ҳавои моҳи июн дар Тоҷикистон

Дар аксари минтақаҳои Тоҷикистон моҳи июн гарму хушк омада, аммо дар баъзе рӯзҳо борону раъду барқ дар назар аст.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".