Хешони Зайд Саидовро аз манзилҳояшон меронанд

Хешони соҳибкори маҳкумшуда Зайд Саидов изҳор мекунанд, ки ҳукуматдорон ба мусодираи амволи мутааллиқ ба писарон ва бародарони ӯ шурӯъ кардаанд. Писари калонии соҳибкор Хайрулло Саидов дар ин робита мегӯяд, рӯзи 25 январ ба хонаи ӯ ва манзили дигар хешонаш судиҷрочиён бо талаби озод кардани манзил огоҳинома фиристодаанд. Ба гуфтаи Х.Саидов, мутобиқи қонунгузории амалкунанда, мусодираи амвол […]



Хешони соҳибкори маҳкумшуда Зайд Саидов изҳор мекунанд, ки ҳукуматдорон ба мусодираи амволи мутааллиқ ба писарон ва бародарони ӯ шурӯъ кардаанд.

Писари калонии соҳибкор Хайрулло Саидов дар ин робита мегӯяд, рӯзи 25 январ ба хонаи ӯ ва манзили дигар хешонаш судиҷрочиён бо талаби озод кардани манзил огоҳинома фиристодаанд.

Ба гуфтаи Х.Саидов, мутобиқи қонунгузории амалкунанда, мусодираи амвол танҳо бо қарори суд  дар сурати исботи ғайриқонунӣ харида шудани он имкопазир аст. «Гузашта аз ин, танҳо амволе, ки ба маҳкумшуда тааллуқ дорад, мусодира шуда метавонад, вале агар дар хонаи ӯ кадоме дигар аз аъзои оила иқомат дошта бошад, манзил мусодира намешавад», – мегӯяд Хайрулло.

«Вале агар мусодираи амволи ман мавриди баҳс бошад ҳам, ин ҷо чаро ба манзилҳои амакҳои ман, бародарони падарам дахолат мекунанд, – мегӯяд Х.Саидов. – Манзили яке аз амакҳои ман ҳанӯз солҳои 70-уми асри гузашта харида шудааст, ки он замон падари ман донишҷӯ буда, имкони харидани онро надошт. Ҳозир он ҷо 30 нафар, яъне 4 оила зиндагӣ мекунанд. Агар ин манзилро гиранд, онҳо дар кӯча мемонанд. Боз 25 нафар кӯдакон ва набераҳои Зайд Саидов дар хонаи дигар иқомат доранд. Онҳоро ҳам ба кӯча меронанд?».

Ба қавли Хайрулло, хонаи модараш замони дар муҳоҷират будани Зайд Саидов харида шудааст. «Модари ман ҳатто фикре надошт, ки ҳамсараш замоне вазир мешавад, зеро ҳама муҳоҷирон дар хориҷи кишвар кор карда, дар ватан хона мехаранд. Қонун инро манъ накардааст-ку?», – иброз дошт ӯ.

Ҳамчунин ба гуфтаи ӯ, автомашинаҳои мусодирашуда низ то сохтмони «Душанбе-Плаза» харида шудаанд ва инро санаи харидории автомашинаҳо исбот мекунад, ки дар санади нотариус ба қайд гирифта шудааст.

Хайрулло зикр кард, ки атрофи қазияи падараш ба ҷуз қасос, дигар чизе нест. «Чӣ гуна метавон фаҳмид, ки зимистон якчанд оилаҳоро ба кӯча ронданианд? Адолату инсондӯстӣ куҷост? Охир мувофиқи расму оинҳои мо, агар ҳатто лонаи паррандаро хароб кунӣ, ин гуноҳи бузург шуморида мешавад. Ва дар ниҳояти кор саволе ба миён меояд: пас аз мусодираи амвол оила, кӯдакон ва хешони Зайд Саидов дигар ба куҷо рафта зиндагонӣ кунанд?», – мегӯяд Хайрулло.

Ҳамчунин ӯ қайд кард, ки то эълони нияти таъсиси ҳизби «Тоҷикистони нав» Зайд Саидов барои ҳама намуна буда, сарвари давлат ҳамеша мегуфт, ки дар кор аз ӯ ибрат бигиранд. «Айни замон ҳамааш баръакс аст», – афзуд писари соҳибкори маҳкумшуда.

Ёдрас мекунем, ки собиқ вазири саноати Тоҷикистон, соҳибкор Зайд Саидов 19 майи соли 2013 дар фурудгоҳи Душанбе пас аз бозгашт аз шаҳри Париж боздошт шуд. Ин амал баъди аз ҷониби ӯ эълон кардани нияти таъсис ҳизби «Тоҷикистони нав» сурат гирифт. Рӯзи дигар вакилони маҷлиси шахри Душанбе ваколати дахлнопазирии ӯро ҳамчун вакил бекор карданд.

Санаи 25 декабри соли 2013 ӯ ба 26 соли зиндон бо мусодираи амвол маҳкум шуд. Рӯзи 11 августи соли 2015 барои содир намудани ҷиноятҳои иқтисодӣ ба муҳлати зиндони Зайд Саидов боз 3 соли дигар илова шуд. Тӯли дуним сол корхонаҳои саноатии муталлиқ ба ӯ пурра ё қисман мусодира  ва миллӣ карда шуданд. Амволи ӯ ва фарзандонаш мусодира шуд. Ҳамчунин суд Саидовро ба пардохти 34 млн. сомонӣ ҷарима уҳдадор кард.

Санаи 20 ноябри соли 2015 Суди олии ҷумҳурӣ шикояти кассатсионии тоҷир Зайд Саидовро барраси намуда, ҳукми қаблан содиршударо бетағйир боқӣ гузошт.

Чанд рӯз қабл Зайд Саидов аз тавқифгоҳи муваққатии Душанбе ба зиндони низомаш шадиди шаҳри Ваҳдат гузаронида шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.