Саркашии 90%-и сарояндагони тоҷик аз пардохти андоз

Раиси Кумитаи андози назди ҳукумати ҶТ Нусратулло Давлатзода изҳор намуд, ки тақрибан 90%-и сарояндагон дар Тоҷикистон уҳдадориҳои худ оид ба пардохти андозро иҷро намекунанд. «Чанде қабл рӯйхате ба дастам расид, ки дар он сарояндагони андозро пардохткарда номбар шудаанд. Дар ин рӯйхат аксари сарояндагоне, ки мо ҳамарӯза дар оинаи нилгун мебинем, зикр нашудаанд», – гуфт Давлатзода […]



Раиси Кумитаи андози назди ҳукумати ҶТ Нусратулло Давлатзода изҳор намуд, ки тақрибан 90%-и сарояндагон дар Тоҷикистон уҳдадориҳои худ оид ба пардохти андозро иҷро намекунанд.

«Чанде қабл рӯйхате ба дастам расид, ки дар он сарояндагони андозро пардохткарда номбар шудаанд. Дар ин рӯйхат аксари сарояндагоне, ки мо ҳамарӯза дар оинаи нилгун мебинем, зикр нашудаанд», – гуфт Давлатзода зимни нишасти хабарии рӯзи 25 январ дар Душанбе.

Тибқи ҳисобу китоби ӯ, дар рӯйхат тақрибан 90%-и овозхононе, ки мунтазам ҳунарнамоии онҳоро метавон дар телевизион тамаошо кард, зикр нашудаанд.

Роҳбари Кумитаи андоз қайд кард, ки чунин шахсонеро, ки даромадҳои калон дошта, аз пардохти 200-300 сомонӣ барои патент саркашӣ мекунанд, дарк карда наметавонад.

Давлатзода аз ифшои ному насаби чунин сарояндагон худдорӣ варзида, зикр кард, ки «ба эҳсосоти касон дахолат карданӣ нест».

Ӯ таъкид дошт, ки ба мақомоти андози шаҳри Душанбе ва дигар сохторҳои дахлдор дастур дода шудааст, ки масъалаи шахсони саркаш аз пардохти андозро ҳаллу фасл намоянд.

Давлатзода изҳор дошт, ки мақомоти андоз дар ин масъала ба мушкилиҳои зиёд дучор мешаванд. «Ҳамаи ин мушкилот ба менталитет ва фарҳангу маданияти чунин сарояндагон вобаста аст. Мо бояд дар доираи қонунгузорӣ зиндагӣ ва кор карданро омӯзем», – афзуд раиси Кумитаи андоз. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.