Беларусҳо ду футболбози тоҷикро ба санҷиш даъват карданд

Ду бозигари мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-22) – ҳамлагар Ҷаҳонгир Эргашев ва нимҳимоятгар Амирбек Ҷӯрабоев баъди ширкат дар мусобиқоти байналмилалии Ҷоми Иттиҳод-2016 дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия барои озмоиш ба бошгоҳи «Белшина», ки дар мусобиқоти қаҳрамонии Беларус-2015 мақоми чаҳорумро касб кардааст, даъват шуданд. Дар ин бора рӯзи 25 январ аз дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон ба […]

Радиои Озодӣ



Ду бозигари мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-22) – ҳамлагар Ҷаҳонгир Эргашев ва нимҳимоятгар Амирбек Ҷӯрабоев баъди ширкат дар мусобиқоти байналмилалии Ҷоми Иттиҳод-2016 дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия барои озмоиш ба бошгоҳи «Белшина», ки дар мусобиқоти қаҳрамонии Беларус-2015 мақоми чаҳорумро касб кардааст, даъват шуданд.

Дар ин бора рӯзи 25 январ аз дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ хабар додаанд. Ба иттилои ин манбаъ, Эргашев ва Ҷӯрабоев дар ҳамаи бозиҳои Ҷоми Иттиҳод бидуни таъвиз иштирок намуда, дар майдон 360 дақиқа ҳунарнамоӣ кардаанд.

Дар ҳамин ҳол ҳарду футболбози ҷавони тоҷик дар ихтиёри бошгоҳи футболи «Белшина»-и Бобруйск мебошанд. Бояд гуфт, ки ҳафтаи гузашта Владимир Ежуров, шогирди футболи тоҷик, сармураббии ин дастаи Беларус таъин шудааст. Феълан “Белшина” дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар шаҳри Пински Беларус қарор дорад.

Ёдрас мешавад, ки Ҷаҳонгир Эргашев соли гузашта дар дастаи «Хуҷанд»-и Хуҷанд ва Амирбек Ҷӯрабоев дар дастаи «Шахтёр»-и Солигорски вилояти Мински Беларус бозӣ мекарданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.