Пешниҳоди ҷазои 9 соли зиндон барои муомилоти ғайриқонунӣ бо асъор

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) масъулият барои содир намудани муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷиро сангинтар карданист. Раиси БМТ Ҷамшед Нурмаҳмадзода зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки дар ин самт ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонунгузорӣ дар назар аст, ки дар онҳо барои содир намудани чунин амал ҷазои то 9 соли зиндон бо мусодираи […]



Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) масъулият барои содир намудани муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷиро сангинтар карданист.

Раиси БМТ Ҷамшед Нурмаҳмадзода зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки дар ин самт ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонунгузорӣ дар назар аст, ки дар онҳо барои содир намудани чунин амал ҷазои то 9 соли зиндон бо мусодираи амвол пешбинӣ мешавад.

Дар ин робита ӯ ҳамчунин қайд кард, ки мутахассисони Бонки миллӣ ҳамроҳ бо намояндагони дигар сохторҳои давлатӣ айни замон ба таҳияи тағйироту иловаҳои дахлдор машғуланд.

Раиси БМТ таъкид дошт, ки ҳамчунин чандин маротиба зиёд шудани ҳаҷми ҷарима барои ивази ғайриқонунии асъор пешниҳод мешавад. «Мо ба ҷорӣ кардани тартиботи нав дар ин самт маҷбурем, то ки ба содир гардидани муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ монеъа эҷод кунем», – иброз дошт Нурмаҳмадзода.

Қобили зикр аст, ки дар Кодекси ҷиноии амалкунандаи Тоҷикистон барои содир гардидани чунин амал ҷазо дар шакли ҷарима ва маҳрумият аз озодӣ пешбинӣ шудааст.

Дар моддаи 286-и Кодекси ҷиноии ҶТ барои муомилоти ғайриқонунӣ бо асъорӣ хориҷӣ ҷарима дар ҳаҷми аз 100 то 1460 нишондиҳандаи ҳисоб (аз 400 сомонӣ то 58,4 ҳазор сомонӣ – аз 50 то 7,5 ҳазор доллари ИМА) ё маҳрум гардидан аз озодӣ ба муҳлати то 8 сол пешбинӣ шудааст.

Ёдрас мекунем, ки чанд рӯз қабл президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ба масъулин дастур дод

,  ки дар кӯтоҳтарин муҳлат барои ба қонунгузории амалкунандаи низоми бонкӣ доир ба танзими асъор ва ҷавобгарӣ барои вайрон кардани он тағйиру иловаҳо таҳия ва пешниҳод намоянд.

Тибқи дастури Сарвари давлат дар таҳрири нави Кодекси ҷиноятӣ ва дигар санадҳои дахлдори қонунгузорӣ бояд ҷавобгарӣ, аз ҷумла ҷавобгарии ҷиноятӣ, барои ба хориҷи кишвар баровардани ҳаҷми зиёди асъори байналмилалӣ ва барои хариду фурӯш бо асъори хориҷӣ дар қаламрави мамлакат пешбинӣ шавад. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 июни соли 2026

Аз зодрӯзи Зафар Нозиму Афзалшоҳи Шодӣ то Рӯзи ғизои солим ва худдорӣ аз исроф дар хӯрдан аст.

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.