Суди олии Русия ҳукм нисбати «домоди тоҷик»-ро тасдиқ кард

Суди олии Русия ҳукми суди ҳарбии ҳавзаи Қафқози Шимолиро оид ба гунаҳкор эътироф кардани зодаи Тоҷикистон Хуршедҷон Миҳтоҷов ба иттиҳоми ҷалби русиягиҳо ба сафи гурӯҳҳои ҷиноятпеша дар Сурия ва ҳамчунин ғайриқонунӣ нигаҳдории маводи мухаддир бетағйир боқӣ гузошт. Нашрияи Коммерсантъ дар ин робита менависад, суд Миҳтоҷовро ба 7 соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум кардааст. Ба иттилои […]



Суди олии Русия ҳукми суди ҳарбии ҳавзаи Қафқози Шимолиро оид ба гунаҳкор эътироф кардани зодаи Тоҷикистон Хуршедҷон Миҳтоҷов ба иттиҳоми ҷалби русиягиҳо ба сафи гурӯҳҳои ҷиноятпеша дар Сурия ва ҳамчунин ғайриқонунӣ нигаҳдории маводи мухаддир бетағйир боқӣ гузошт.

Нашрияи

Коммерсантъ

дар ин робита менависад, суд Миҳтоҷовро ба 7 соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум кардааст.

Ба иттилои нашрия, зимни мурофиа судшаванда гуноҳашро рад карда, иброз доштааст, ки ӯ танҳо ба як зан аз Ставропол нияти издивоҷ дошта, барои наворбардории филми мустанад «доир ба вазъи бадбахтонаи мардуми Сурия» ба сафар баромаданӣ будааст.

Тибқи маълумоти хабаргузории

РИА Новости

, дар мурофиа айбдоршаванда изҳор кардааст, ки ба афкору ғояҳои тундгароӣ ҷонибдор нест ва гузашта аз ин, ӯ маводи мухаддир истехмол намекунад ва мақсади ӯ издивоҷ кардан бо духтар будааст.

Ба қавли айбдоршаванда, ӯ ҳақиқатан ҳам ба Сурия рафтанӣ будааст, вале барои «наворбардории филми мустанад оид ба вазъи фалокатбори мардум», на барои пайвастан ба сафҳои ҷангиён.

Хабарнигори РИА Новости иттилоъ додааст, ки сарфи назар аз мукотибааш бо духтар бо забони русӣ, ӯ баёноташро бо забони тоҷикӣ дода, зимни мурофиа забони русиро «фаромӯш кардааст».

Бино ба маълумоти мақомоти тафтишот, зимни мукотиба бо як духтар аз вилояти Ставропол дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва гуфтугӯҳои телефонӣ, айбдоршаванда ӯро ба анҷоми маросими никоҳи мусалмонӣ бо худаш ва сафар ба Сурия моил мекардааст.

Айбдоршавандаро ҳангоми тариқи ҳавопаймо ба Ставропол омадан боздошт ва ҳамчунин зимни кофтуков аз ӯ маводи мухаддири героин дарёфт ва мусодира шудааст.

Суд Миҳтоҷовро дар содир намудани ҷиноятҳо мутобиқи моддаҳои 205.1 (мусоидат ба фаъолияти террористӣ) ва 228, қ.2 (ғайриқонунӣ нигаҳдорӣ ва интиқоли маводи нашъаовар дар ҳаҷми ниҳоят зиёд бидуни мақсади фурӯш)-и Кодекси ҷиноии Русия гунаҳкор эътироф намудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.