Раҳмон Озода Эмомалӣ роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президент таъин шуд

Духтари президенти Тоҷикистон, акнун собиқ муовини аввали вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Раҳмон Озода Эмомалӣ роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президент таъин шуд. Дар ин бора хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад. Дар ин мансаб ӯ Бахтиёр Худоёрзодаро иваз мекунад, ки аз ҷониби президент ба мансаби раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон пешниҳод шудааст. Шахси ба вазифаи […]



Духтари президенти Тоҷикистон, акнун собиқ муовини аввали вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Раҳмон Озода Эмомалӣ роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президент таъин шуд. Дар ин бора хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад.

Дар ин мансаб ӯ Бахтиёр Худоёрзодаро иваз мекунад, ки аз ҷониби президент ба мансаби раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон пешниҳод шудааст. Шахси ба вазифаи муовини аввали вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ таъинмешуда алҳол маълум нест.


Раҳмон Озода Эмомалӣ

3 январи соли 1978 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, тоҷик, маълумоташ олӣ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ. Рутбаи дипломатии Сафири Фавқулода ва Мухтор дорад.


Фаъолияти меҳнатӣ:


Солҳои 1995-2000

– донишҷӯи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон, ш. Душанбе;


Солҳои 2004-2006

– донишҷӯи Донишгоҳҳои Ҷорҷтаун ва Мериленди ШМА (бахши забономӯзӣ), ш. Вашингтон ва Коллеҷ-Парк;


Солҳои 2005-2007

– атташе оид ба фарҳанг ва маорифи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Штатҳои Муттаҳидаи Америка, ш. Вашингтон;


Солҳои 2007-2009

– сардори Раёсати консулгарии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе;


Солҳои 2009-2014

– муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе;


Аз 15 майи соли 2014

 – муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Забонҳои русӣ ва англисиро медонад.

Оиладор, соҳиби 5 фарзанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.