Кумаки Ҷопон ба сохтмони бинои нави мактаб дар Ёвон

Муовини роҳбари ҳайати Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Тиэ Тамура дар ҳамроҳӣ бо муовини раиси ноҳияи Ёвон Зумрад Умматзода рӯзи 26-уми январи соли 2016 дар маросими анҷом ёфтани «Лоиҳаи сохтмони бинои нав барои мактаби №58 дар деҳаи “Навобод”-и ҷамоати деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнов» ширкат варзиданд. Дар ин маросим, ба ғайр аз ҳузури кормандони […]



Муовини роҳбари ҳайати Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Тиэ Тамура дар ҳамроҳӣ бо муовини раиси ноҳияи Ёвон Зумрад Умматзода рӯзи 26-уми январи соли 2016 дар маросими анҷом ёфтани «Лоиҳаи сохтмони бинои нав барои мактаби №58 дар деҳаи “Навобод”-и ҷамоати деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнов» ширкат варзиданд. Дар ин маросим, ба ғайр аз ҳузури кормандони мақомот, инчунин падару модарон, талабагон ва аъзои дигари ҷамоати мазкур иштирок доштанд.

Бино ба иттилои сафорати Ҷопон дар ҶТ, лоиҳа тавассути Ҳукумати ноҳияи Ёвон амалӣ гардида аз ҷониби Ҳукумати Ҷопон дар чаҳорчӯбаи “Барномаи кӯмакҳои бебозгашт ва амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ” (GGP) маблағгузорӣ гардид.

Гуфта мешавад, маблағи умумии лоиҳа 92 ҳазору 70 доллари ИМА-ро ташкил дода, ин иқдом бо мақсади беҳтар намудани муҳити таълимӣ ва низоми бақайдгирии талабагон амалӣ гардид.

Бинои мактаби нав аз ҳашт синфхона, хонаи муаллимон, утоки директор ва китобхона иборат аст. Феълан мактаб метавонад тақрибан 200 нафар толибилмон ва 20 омӯзгорро бо фазои хуби омӯузиш ба таври назаррас таъмин намояд. Ҳамчунин ҳукумати маҳаллии ноҳияи Ёвон мактабро бо толори варзишӣ ва таҷҳизоти нав, аз қабили миз, курсӣ ва тахтаҳои синфӣ муҷаҳҳаз гардонид.

Дар маросими мазкур, хонум Тиэ Тамура дар бораи аҳамияти лоиҳаҳои GGP дар рушди Тоҷикистон суханронӣ намуда, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ёвон-Сафаралӣ Собиров ба ҳукумати Ҷопон барои муосидат ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми Тоҷикистон миннатдории самимии хешро изҳор намуд.

Маросими анчом ёфтани лоиҳа аз саҳми Ҳукумати Ҷопон дар таҳкими таҳсили босифат дар Тоҷикистон дарак медихад. Ҳукумати Ҷопон тасмим гирифтааст, ки дар оянда низ дар ҳамкорӣ бо мардуми Тоҷикистон баҳри бунёд сохтани ҷомеаи беҳтар кӯмаки хешро идома медиҳад.

Кумакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ (GGP) тарҳи Барномаи расмии Ҷопон оид ба рушд мебошад. Алалхусус, лоиҳаҳои кумакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ барои дастгирӣ намудани соҳаҳои мухталифи бахши аъзами аҳолӣ дар сартосари Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шуда ба ҳокимиятҳои маҳаллӣ, соҳаҳои маориф ва тандурустӣ, ҳамчунин ба созмонҳои ғайридавлатӣ расонида мешавад.

Аз соли 1996 то инҷониб, кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ 346 лоиҳаро ба маблағи умумии $28 миллион доллари ИМА дар Тоҷикистон амалӣ намудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.