Кушта шудани қочоқбари навбатӣ дар марз бо Афғонистон

Дар марзи давлатии Тоҷикистону Афғонистон ҳафтаи гузашта миёни сарҳадбонон ва марзшиканон тирпарронӣ сурат гирифта, як қочоқбари маводи нашъаовар кушта шуд. Нимаи рӯзи 28 январ дар яке аз қитъаҳои дидбонгоҳи сарҳадии «Ҳамадонӣ» дастаи марзбонон ва гурӯҳи фаврии КДАМ ҶТ дар вилояти Хатлон кӯшиши убури ғайриқонунии марз ва қочоқи маводи мухаддирро пешгирӣ карданд. Котиби матбуотии Сарраёсати Қушӯнҳои […]



Дар марзи давлатии Тоҷикистону Афғонистон ҳафтаи гузашта миёни сарҳадбонон ва марзшиканон тирпарронӣ сурат гирифта, як қочоқбари маводи нашъаовар кушта шуд.

Нимаи рӯзи 28 январ дар яке аз қитъаҳои дидбонгоҳи сарҳадии «Ҳамадонӣ» дастаи марзбонон ва гурӯҳи фаврии КДАМ ҶТ дар вилояти Хатлон кӯшиши убури ғайриқонунии марз ва қочоқи маводи мухаддирро пешгирӣ карданд.

Котиби матбуотии Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ ҶТ Муҳаммад Улуғхоҷаев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки гурӯҳи мусаллаҳи номаълум дар ҳайати 4 нафар зимни убури ғайриқонунии марз ба дастаи марзбонон дучор меоянд. Баъди итоат накардан ба талаби марзбонон, миёни онҳо тирпарронӣ сурат гирифта, ҷинояткорони номаълум ба қаламрави кишвари ҳамсоя паноҳ бурдаанд.

Ба иттилои манбаъ, зимни азназаргузаронии ҷойи ҳодиса марзбонон беш аз 1 кило маводи мухаддири героин, 15 кило ҳашиш ва ҳамчунин ҷасади як қочоқбари афғонро пайдо кардаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.