Вакилон ба қабули тағйирот ба қонун дар бораи ВАО шитоб накарданд



Тағйироту иловаҳои аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба қонун «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма», ки боиси баҳсҳои зиёду нигаронии ҷомеаи журналистон шуд, имрӯз дар ҷаласаи иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати панҷум мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Зимни баррасии лоиҳаи қонун вакилон тасмим гирифтанд, ки танҳо қисматеро тағйир медиҳанд, ки дар он дар бораи бо пешниҳоди мақомоти прокуратура боздошта шудани фаъолияти ВАО ба муддати се моҳ аз ҷониби Вазорати фарҳанг, ки ин ВАО-ро ба қайд гирифтааст, сухан меравад.

Мувофиқи варианти аз ҷониби вакилон маъқулшуда, қарор дар бораи боздошта шудани фаъолияти ВАО ба муддати се моҳро на Вазорати фарҳанг, балки судҳо қабул мекунанд.

Раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров дархост кард, ки яке аз журналистони дар иҷлосия ҳузурдошта интихоб шуда, андешаи ҳамтоёни худро дар бораи тағйироти нав баён намояд.

Журналистон хабарнигори АИ «Азия-Плюс» Аваз Юлдошевро интихоб намуда, ӯ зимни суханрониаш изҳор намуд, ки сарфи назар аз шакли моликият ба ВАО, журналистони машғули фаъолият дар онҳо ҳамеша ба ҷонибдории сулҳу субот дар сарзамини тоҷикон, шукуфоии Ватан ва беҳбуди некӯаҳволии мардум мавод дарҷ мекунанд.

«Мо на камтар аз як мансабдор Тоҷикистонро дӯст медорем, – изҳор дошт ӯ. – Яке аз дастовардҳои бузурги Тоҷикистон озодии баён дар ВАО-и ҷумҳурӣ аст».

Юлдошев таъкид дошт, ки мушкилоти асосӣ миёни ҷомеа рӯзноманигорон зимни баррасии тағйирот ба қонуни мазкур дар он ифода меёбад, ки «ҳеҷ касе мушаххасан намефаҳмид, ки дар бораи чӣ сухан меравад». «Дар Вазорати фарҳанг ин тағйирот хеле махфӣ омода гардида, боиси пайдо шудани ҳар гуна овозахо шуданд», – афзуд ӯ.

Дар натиҷа лоиҳаи тағйирот ба таҳиву коркарди дубора фиристода шуд. Комиссияи махсуси корӣ таъсис дода шуд, ки баъзе аз истилоҳот дар ин лоиҳаи қонунро мувофиқа месозад ва ҳафтаи оянда ба баррасии палатаи поёнии парлумон пешниҳод мекунад.

Ёдрас мекунем, ки чор созмони журналистии Тоҷикистон – Иттифоқи журналистон, Шӯрои ВАО, Ассотсиатсияи миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақил ва ташкилоти ҷамъиятии «Хома» рӯзи 1 феврал 

изҳороте мунташир сохтанд

, ки дар он аз тағйироту иловаҳои аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба қонун «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» нигаронӣ изҳор шуд.

Қонун «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон» дар таҳрири охирин 19 марти соли 2013 аз ҷониби президент Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расида буд, вале дар он тартиби манъи фаъолияти ВАО муайян нашуда буд.

spot_imgspot_img

Популярное