Бахтиёр Худоёрзода раиси КМИР Тоҷикистон интихоб шуд

Дар иҷлосияи имрӯзаи палатаи поёнии парлумон собиқ роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода ба вазифаи раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон тасдиқ шуд. Номзадии ӯ аз ҷониби президенти мамлакат пешниҳод гардида буд. Зимни суханронӣ оид ба ин масъала раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров изҳор дошт, ки «дар ҳамаи мансабҳои таъиншуда […]



Дар иҷлосияи имрӯзаи палатаи поёнии парлумон собиқ роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода ба вазифаи раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон тасдиқ шуд. Номзадии ӯ аз ҷониби президенти мамлакат пешниҳод гардида буд.

Зимни суханронӣ оид ба ин масъала раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров изҳор дошт, ки «дар ҳамаи мансабҳои таъиншуда Б.Худоёрзода бо виҷдони соф ва масъулият баланд ифои вазифа кардааст».

«Роҳбари КМИР яке аз мансабҳои пурнуфуз дар ҷомеа аст ва фаъолияти пурсамари он ба мушкилоти зиёде дар дохил ва хориҷи кишвар бастагӣ дорад, аз ҷумла ба мавқеи созмонҳои байнулмилалӣ ва худи мардуми тоҷик», – гуфт Ш.Зуҳуров.

Пас аз таъини собиқ раиси КМИР ҶТ Шермуҳаммади Шоҳиён ба мансаби раиси Суди олии ҷумҳурӣ, то ин замон ин курсӣ холӣ буд. Бахтиёр Худоёрзода замоне раиси ин ниҳод интихоб шуд, ки дар Тоҷикистон ба баргузор намудани раъйпурсӣ оид ба ворид намудани тағйирот ба Конститутсия омодагӣ мегиранд.

Суди конститутсионии ҷумҳурӣ пагоҳ, 4 феврал

тағйироту илова ба Конститусияи Тоҷикистонро

, ки аз ҷониби як гурӯҳи вакилони ҳарду палатаи парлумон пешниҳод шудааст, баррасӣ мекунад ва хулосаҳои худро оид ба ин масъала ба парлумон ирсол медорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.