Антонов: Русия ба Тоҷикистон ҳамаҷониба бо аслиҳа кумак мекунад

Зимни сафар ба Душанбе муовини вазири мудофиаи Русия Анатолий Антонов изҳор доштааст, ки бо назардошти таҳдидҳои бармеомада аз Афғонистон, Русия ба Тоҷикистон ҳамаҷониба бо аслиҳаву техника кумак мекунад. Дар ин бора хабаргузории РИА Новости иттилоъ медиҳад. «Дӯстону бародарони тоҷики мо имрӯз барои худ таҳдиду хатарҳои нав эҳсос мекунанд, ки бо инобати мушкилоти ҷойдошта аз қаламрави […]

ASIA-Plus



Зимни

сафар ба Душанбе

муовини вазири мудофиаи Русия Анатолий Антонов изҳор доштааст, ки бо назардошти таҳдидҳои бармеомада аз Афғонистон, Русия ба Тоҷикистон ҳамаҷониба бо аслиҳаву техника кумак мекунад. Дар ин бора хабаргузории


РИА Новости


иттилоъ медиҳад.

«Дӯстону бародарони тоҷики мо имрӯз барои худ таҳдиду хатарҳои нав эҳсос мекунанд, ки бо инобати мушкилоти ҷойдошта аз қаламрави Афғонистон бармеоянд. Барои мо муҳим аст, ки ҷараёни рӯйдодҳо дар он ҷо ва чӣ тадбирҳо андешидани шуморо бифаҳмем ва албатта, ба Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамаҷониба бо аслиҳаву техникаи низомӣ ва дигар дастгоҳу лавозимоти зарурии ҳарбӣ кумак кунем, ки то ки сатҳи омодабошии ҷангии онҳо дар сатҳи баланд бошад», – иброз доштааст ӯ.

Ба гуфтаи Антонов, Тоҷикистон яке аз самтҳои афзалиятноки рушди ҳамкориҳои низомӣ ва низомӣ-техникӣ барои Русия шуморида мешавад. «Мо бар ин назарем, ки то чӣ қадр таъмини амният Тоҷикистон хубтар бошад, ҳамон қадр амнияти Русия ҳаам беҳтар хоҳад буд», – илова кардааст муовини вазир мудофиаи Русия.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст