Таваҷҷуҳи ХБА ба тарҳҳои маблағгузорӣ ба нерӯгоҳи Роғун

Дар Душанбе вохӯрии муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон Ҷамшед Каримзода бо ҳайати Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) таҳти роҳбарии Пол Росс баргузор шуд. Бино ба иттилои котиботи Вазорати молияи ҶТ, зимни мулоқот ҷонибҳо масоили вазъи молиявӣ ва рафти ислоҳот дар бахши молияи кишвар, натиҷаҳои он дар соли 2015 ва вазифаҳо дар соли равон, дурнамои вазъи иқтисод […]



Дар Душанбе вохӯрии муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон Ҷамшед Каримзода бо ҳайати Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) таҳти роҳбарии Пол Росс баргузор шуд.

Бино ба иттилои котиботи Вазорати молияи ҶТ, зимни мулоқот ҷонибҳо масоили вазъи молиявӣ ва рафти ислоҳот дар бахши молияи кишвар, натиҷаҳои он дар соли 2015 ва вазифаҳо дар соли равон, дурнамои вазъи иқтисод ва хавфҳо дар Тоҷикистон дар мавриди интиқоли маблағҳои пулӣ, рушди иқтисод, қурби мубодилаи арзи миллӣ, содироту воридот ва ғайраро баррасӣ карданд.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо ба масъалаҳои сиёсати моливу андозбандӣ ва бонкии ҷумҳурӣ, нақшаҳои буҷет дар соли 2016, хароҷоти афзалиятноки пешбинишудаи он, тарҳҳо оид ба маблағгузорӣ ба идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун, солимгардонии вазъи молиявии «Агроинвестбонк» ва ҳамчунин муносибатҳои Тоҷикистон бо дигар ниҳодҳои молии байнулмилалӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.

Гуфта мешавад, ҳайати ХБА оид ба самтҳои асосии сиёсати иқтисодии кишвар бо раёсатҳои дахлдори вазорату идораҳои ҷумҳурӣ машваратҳо доир намуда, Пол Росс атрофи вазифа ва ҳадафҳои кори ҳайат изҳори назар ва пешниҳоду тавсияҳои худро баён кард.

Зимнан зикр мегардад, ки дар вохӯрӣ ҳамчунин намояндаи домии ХБА дар Тоҷикистон Айдин Биболов низ иштирок ва андешаҳои худро дар мавриди масоили дар боло зикршуда изҳор намуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.