«Сафедорак» ба 2 млн. сомонӣ фурӯхта шудааст

Пойгоҳи лижаронӣ ва осоишгоҳи «Сафедорак», воқеъ дар 70 километрии Душанбе, деҳаи Такоби ноҳияи Варзоб аз рӯи натиҷаҳои тендер ба маблағи 1 млн. 925 ҳазор сомонӣ (каме бештар аз 200 ҳазор доллари ИМА) ба ширкати «Сафед-дара» фурӯхта шудааст. Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ Қодири Қосим зимни нишасти хабарӣ дар ин робита иттилоъ […]

Меҳрангез Турсунзода, махсус барои asia+



Пойгоҳи лижаронӣ ва осоишгоҳи «Сафедорак», воқеъ дар 70 километрии Душанбе, деҳаи Такоби ноҳияи Варзоб аз рӯи натиҷаҳои тендер ба маблағи 1 млн. 925 ҳазор сомонӣ (каме бештар аз 200 ҳазор доллари ИМА) ба ширкати «Сафед-дара» фурӯхта шудааст.

Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ Қодири Қосим зимни нишасти хабарӣ дар ин робита иттилоъ дод, ки иншооти мазкур ба тендери сармоягузорӣ гузошта шуда, ин маънои онро дорад, ки харидор ба иваз кардани соҳаи фаъолияти иншоот ҳуқуқ надорад ва боз яке аз шартҳои асосӣ – муддати 6 сол дар ҳаҷми 40 млн. сомонӣ маблағгузорӣ кардан ба иншоот ва фароҳам сохтани 120 ҷойи нави корӣ мебошад.

«Айни замон ин маҷмааи варзишӣ ва сайёҳии «Сафед-дара» буда, ба 5 соли пеш монандӣ надорад. Се бинои нав сохта шудааст. Акнун «Сафед-дара» ҳам тобистону ҳам зимистон минтақаи сайёҳӣ шуда метавонад. Барои корҳои таъмиру азнавсозии он аллакай 15 млн. сомонӣ маблағ масраф шудааст», – қайд кард ӯ.

Дар ҳамин ҳол, раиси Кумита дар бораи ба кӣ тааллуқ доштани ширкати «Сафед-дара», ки маҷмааро харидааст, маълумот надод.

Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи январи соли равон бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода маҷмааи лижаронию сайёҳии «Сафед-дара» баъди таъмиру  навсозии куллӣ расман 

мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Сарвазири мамлакат аз иншооти бунёдшуда ва таъмиру таҷдидгардидаи ин маҷмааи варзишию сайёҳӣ дидан намуда, ба корҳои сохтмонию ташкилии он баҳои баланд дод.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.