Аз замони таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ (МОИ) дар Тоҷикистон (соли 2008) то инҷониб дар онҳо беш аз 260 млн. сомонӣ маблағҳои сармоягузории мустақим азхуд шуданд.
Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Умед Давлатзод ба журналистон дар ин робита иттилоъ дод, ки аз ҳисоби фаъолияти ин минтақаҳо ба буҷети ҷумҳурӣ зиёда аз 20 млн. сомонӣ маблағ ворид шудааст.
Дар идома Давлатзод изҳор намуд, ки дар ҳамин ҳол, давоми ин солҳо барои бунёди зербинои минтақаҳои озоди иқтисодӣ аз буҷети ҷумҳурӣ ҳудуди 2,8 млн. сомонӣ воситаҳо ҷудо гардидааст.
Муовини вазир қайд кард, ки айни замон аз чор минтақаи озоди иқтисодии дар саросари кишвар таъсисёфта дар сетоаш истеҳсоли маҳсулот ба роҳ монда шудааст. «Ба аввали соли ҷорӣ дар ин минтақаҳо дар маҷмӯъ 62 субъект ба қайд гирифта шудааст», – афзуд ӯ.
Мавриди зикр аст, ки айни замон дар Тоҷикистон чор минтақаи озоди иқтисодӣ – «Суғд», «Данғара», «Панҷ» ва «Ишкошим» ба қайд гирифта шудааст.



