Эътирози ҷавонон назди сафорати Туркия дар Душанбе



Дар назди сафоратхонаи Туркия дар Тоҷикистон гирдиҳамоӣ доир гардид, ки дар он ҳудуди 60 нафар донишҷӯён аз гурӯҳи ташаббускори ҷавонон ширкат доштанд. Намояндагони ҷавонони тоҷик аз ҳукуматдорони Туркия истирдоди «хоинони Ватан» ба Тоҷикистонро дархост мекунанд.

Тазоҳургарон мегӯянд, онҳо огаҳӣ пайдо кардаанд, ки пагоҳ дар як қатор кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ва ҳамчунин шаҳри Истамбул гирдиҳамойиҳои намояндагони мухолифини тоҷик дар хориҷи кишвар баргузор мешаванд.

«Мо ба ин ҷо барои он омадем, то ки норозигии худро ҷиҳати ба хоинон дар хориҷа додани имкон барои баргузории чунин чорабиниҳоро баён кунем», – гуфтанд иштирокчиёни гирдиҳамойӣ.

Ҳамин рӯз ин гурӯҳи ҷавонон ба назди бинои намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон низ омада, ҳамин талаботро ба миён гузоштанд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 20 феврал низ гурӯҳе аз ин ҷавонон назди дафтари Иттиҳоди Аврупо дар Душанбе ҷамъ омада, хостори ба Душанбе баргардонидани Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯъи наҳзати исломӣ шуда буданд.

Ҷавонон бо нидоҳои «Хоинонро ба ватан баргардонед» ва «Иттиҳоди Аврупо, ба талаботи мо посух бидеҳ» шиорпартоӣ мекарданд. Онҳо ҳушдор дода буданд, ки агар дар муддати ду рӯз Иттиҳоди Аврупо ба онҳо посух надиҳад, назди бинои намояндагии ин созмони байнулмилалӣ 10 ҳазор ҷонибдорони худро гирдиҳам меоранд.

Моҳи октябри соли гузашта низ ин гурӯҳи ҷавонон назди сафоратхонаи Олмон гирдиҳм омада, истирдоди раиси Ҳизби фаъолияташ мамнӯъи наҳзати исломии Тоҷикистонро талаб карда буданд.

Чанде пеш вакили Парлумони Аврупо Урмас Паэт дар мусоҳиба ба Радиои Озодӣ дар ин робита изҳор намуд, ки «Иттиҳоди Аврупо Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро баъди судури қарори дахлдори Суди олии Тоҷикистон террористӣ эътироф накардааст».

«Дар Иттиҳоди Аврупо расмиёти возеҳу шаффофи террористӣ эътироф кардани ин ё он гурӯҳ мавҷуд аст. Дар робита ба ҲНИТ такрор мекунам, ки Иттиҳоди Аврупо чунин қарор қабул накардааст. Ман ҳам бар ин назарам, ки рушди ҳизби мухолиф ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба гунае метавониста бошад ба амнияти миллии Тоҷикистон хатар эҷод намояд. Метавон амниятро таъмин ва ҳамзамон ба ҷараёнҳои демократӣ тақвият бахшид. Норозиҳо аз сиёсати ҳукуматро набояд дарҳол хатар ба амнияти миллӣ эълон кард», – қайд карда буд вакили Парлумони Аврупо.

spot_imgspot_img

Популярное