Лимити панҷмоҳаи истифодаи барқ бекор шуд



Реҷаи маҳдуд (лимит)-и истифодаи нерӯи барқ дар Тоҷикистон аз дирӯз бекор шуд. Шурӯъ аз 23 феврал ба ҳамаи маҳаллаҳои аҳолинишини ҷумҳурӣ мунтазам шабонарӯзӣ нерӯи барқ интиқол дода мешавад.

Аз ширкати «Барқи тоҷик» ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки обуҳавои мусоиди зимистони имсола имкон додааст, ки масъалаи таъминот бо барқ нисбат ба солҳои гузашта ба таври назаррас беҳтар карда шавад.

«Бо назардошти захираҳои об дар обанбори Норак, тасмим гирифта шуд, ки дар саросари кишвар реҷаи маҳдуди истифодаи нерӯи барқ бекор карда шавад», – гуфтанд дар ширкат.

Қобили зикр аст, ки нисбат ба соли гузашта имсол реҷаи маҳудуди истифодаи нерӯи барқ 4 рӯз пештар бекор карда шуд. Соли гузашта лимити истифодаи нерӯи барқ 27 феврал бекор шуда буд.

Реҷаи маҳдуди истифодаи барқ дар Тоҷикистон вобаста ба шароити обуҳаво ва дигар ҳолатҳо ҳамасола дар мавсими зимистон муддати 4-5 моҳ ҷорӣ мешавад. Реҷаи маҳдуди истифодаи барқи охир 18 октябри соли 2015 ҷорӣ гардида, то 23 феврали соли 2016  идома ёфт.

spot_imgspot_img

Популярное