Amnesty International дар бораи маҳдудияти кулли озодиҳо дар Тоҷикистон

Дар гузориши ҳамасолаи созмони ғайриҳукуматии Amnesty International,к и имрӯз, 24 феврал интишор шуд, зикр мегардад, ки ҳукуматдорони Тоҷикистон мисли пешин куллан озодии изҳори назарро маҳдуд мекунанд. Ҳомиёни ҳуқуқ қайд мекунанд, ки дар ҷумҳурӣ давоми соли 2015 фишор болои аъзои созмонҳои мухолифи муқими Тоҷикистон ва хориҷи кишвар пурзӯр шуда, бисёр вақт нисбати онҳо аз зӯроварӣ, ҳатто […]



Дар


гузориши


ҳамасолаи созмони ғайриҳукуматии Amnesty International,к и имрӯз, 24 феврал интишор шуд, зикр мегардад, ки ҳукуматдорони Тоҷикистон мисли пешин куллан озодии изҳори назарро маҳдуд мекунанд.

Ҳомиёни ҳуқуқ қайд мекунанд, ки дар ҷумҳурӣ давоми соли 2015 фишор болои аъзои созмонҳои мухолифи муқими Тоҷикистон ва хориҷи кишвар пурзӯр шуда, бисёр вақт нисбати онҳо аз зӯроварӣ, ҳатто то қатл кор гирифта мешуд.

Дар гузориш чанд ҳодисаи рабудану маҷбур ба Тоҷикистон баргардонидани фаъолони мухолифони сиёсӣ ва афроди ба ифротгароии динӣ айбдоршуда, вуҷуд доштани хатари муҷозот барои адвокатҳои онҳо, шиканҷа ва дигар навъҳои кирдори бераҳмона, маҳдудияти зиёд ба озодии баён, пурзӯр шудани назорат болои дастрасӣ ба маълумот, фишор болои ВАО-и мустақил ва рӯзноманигорон қайд шудааст.

«Моҳи июл қоидаҳои нав ҷорӣ шуданд, ки мувфиқи он мақомоти давлатӣ маълумоти худро бояд танҳо тариқи агентии давлатии «Ховар» интишор кунанд ва ВАО-и дигар уҳдадор шуданд, ки ҳамаи рӯйдодҳои расмиро танҳо бар асоси маълумоти дар «Ховар»чопшуда инъикос созанд». – гуфта мешавад дар гузориш.

Ҳамчунин дар гузориш дар бораи аз ҷониби ҳукумат қатъ шудани  дастрасӣ «ба сомонаҳои муайяни итилоотӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ» маълумот дода мешавад.

Ҳодисаҳои фишор нисбати аъзои созмонҳои мухолиф, аз ҷумла «гурӯҳи 24» ва ҲНИТ, истирдод ва ҳукми зиндони пешвои ҳаракати сиёсии «Ҷавонони Тоҷикистон барои эҳёи Тоҷикистон», куштори муассиси «Гурӯҳи 24» Умаралӣ Қувватов дар Истамбул, ҳабси 13 аъзои ҲНИТ бо айбдорӣ ба иштирок дар «гурӯҳҳои ҷиноятпеша» ва даст доштан дар рӯйдодҳои хунини 4 сентябр, ки раиси ҳизби дар хориҷа қарордошта Муҳиддин Кабирӣ инкор мекунад, манъи фаъолияти ҲНИТ ва созмони терроистӣ эълон шудани он, ҳукм нисбати адвокат Шуҳрат Қудратов, боздошти адвокат Бузургмеҳр Ёров хотиррасон мешавад.

Дар ҳамин ҳол, ҳомиёни ҳуқуқи Amnesty International зикр мекунанд, ки  «сарфи назар аз дар соли 2013 қабул шудани нақшаи амал оид ба иҷрои тавсияҳои Кумити зидди шиканҷаи СММ шиканҷа ва дигар навъҳои рафтори бераҳмона дар ҳама ҷо истифода мешуданд. То нимаи моҳи августи Эътилофи ташкилоти ҷамъиятии зидди шиканҷа 25 ҳодисаи нави истифодаи шиканҷаро ба қайд гирифта, аммо аксари хешону наздикони ҷабрдидагон бо тарси интиқом аз пешниҳоди шикоят худдорӣ карданд ва аз ин рӯ, шояд дар бораи бисёр ҳолатҳои дигар маълумот дода нашудааст».

Ғайр аз ин, дар гузориш дар бораи ба дахлнопазирии якумрӣ ва мақоми Пешвои миллат соҳиб шудани президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ сухан меравад. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Рақобати Асрор Воҳидов бекор шуд: камарбанди WBC Eurasia ҳоло ҳам соҳиб надорад

Яке аз қувваозмоиҳои деринтизор дар минтақа, ки бояд дар Тошканд баргузор мешуд, ногаҳон доир нагардид.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 6

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тамдиди қоидаҳои вуруд барои муҳоҷирон. Аз 1-уми июн дар қонунгузории Русия чӣ тағйир ёфт?

Чанд тағйироте, ки аз 1-уми июн ба ҳукми амал даромад, гирдоварӣ кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 июни соли 2026

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи кормандони соҳаҳои савдо, хидматрасонии маишӣ ва коммуналӣ аст.

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.