Ҷаримаи овозхон барои бидуни шартнома ҳунарнамоӣ кардан дар тӯй

Аваз Юлдошев



Бо қарори суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт овозхони маъруфи эстрадаи тоҷик Остон Азизов барои риоя накардани меъёрҳои қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ» ба маблағи 4 ҳазор сомонӣ ҷарима шуд.

Бино ба маълумоти мунташиркардаи суд, моҳи августи соли гузашта сароянда бидуни бастани шартнома дар тарабхонаи «Жасмин»-и ноҳияи Варзоб дар тӯй хизмат кардааст.

Зимни суханронӣ дар суд овозхон изҳор доштааст, ки ӯ дар тӯй меҳмон буда, ҳамчун тӯҳфа ба навхонадорон ду-се суруд хондааст ва бо ҳамин сабаб шартнома набастааст.

Бо баррасии нишондоди якчанд шоҳидон, суд қарор кардааст, ки овозхон ба маблағи дар боло зикргардида ҷарима шавад.

Материал доступен на этих языках:

Cхожие материалы

spot_imgspot_img

Популярное

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Последние новости
Свежее

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...