Маросими оғози амалисозии лоиҳаи рушди маълумоти олӣ дар Тоҷикистон санаи 1 март доир гардид. Амалисозии лоиҳаи мазкур аз ҷониби Ассотсиатсияи байнулмилалии рушд, ки ба гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) мансуб аст, маблағгузорӣ мешавад.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Бонки ҷаҳонӣ, ҳадафи аслиии лоиҳа бо маблағгузории 15 млн. доллари ИМА таҳияи механизмҳои такмил ва мониторинги сифати таҳсилоти олӣ дар кишвар ва мутобиқати он ба талаботи бозори кор аст.
Дар доираи оғози лоиҳа Бонки ҷаҳонӣ озмуни миллӣ оид ба таъсири маълумоти олӣ ба ҷавононро дастгирӣ намуда, ба 9 тан аз иштирокчиёни интихобшуда аз миёни беш аз 100 нафар ҷавонон, ки иншоҳои худро пешниҳод намуда буданд, ҷоизаҳо тақдим кард.
Чунин маросимҳо имрӯз, 2 март дар шаҳри Қӯрғонтеппа ва санаи 4 март дар шаҳри Хуҷанд баргузор мегарданд.



