Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон изҳор медорад, ки корманди милитсияи чанде қабл дар Қирғизистон боздоштшуда ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар мақомоти корҳои дохилии ҷумҳурӣ кор намекунад.
Дар сомонаи расмии ВКД Тоҷикистон дар ин робита иттилоъ дода мешавад, ки дар робита ба хабари дар сомонаҳои интернетӣ нашргардида оиди он, ки гӯё як корманди ВКД Тоҷикистонро дар Қирғизистон бо маводи мухаддир дастгир намудаанд, иттилоъ медиҳем, ки ин нафар Иброҳимов Муродалӣ, собиқ корманди мақомоти корҳои дохилӣ буда, бо фармони вазири корҳои дохилии ҶТ таҳти №30 аз 9-уми феврали соли 2016 бинобар кирдори иснодоваранда, паст задани шаъну шарафи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва мунтазам вайрон намудани интизоми хизматӣ аз мақомоти корҳои дохилӣ озод карда шудааст.
Ёдрас мекунем, ки кормандони Хадамоти давлатии назорати маводи нашъаовари Қирғизистон рӯзи 1 март ду шаҳрванди Тоҷикистонро ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт намудаанд. Тавре
иттилоъ дода шуда буд
, яке аз онҳо майори милитсияи Тоҷикистон будааст.





