ВКД: Корманди боздоштшуда дар мақомоти корҳои дохилӣ кор намекунад

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон изҳор медорад, ки корманди милитсияи чанде қабл дар Қирғизистон боздоштшуда ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар мақомоти корҳои дохилии ҷумҳурӣ кор намекунад. Дар сомонаи расмии ВКД Тоҷикистон дар ин робита иттилоъ дода мешавад, ки дар робита ба хабари дар сомонаҳои интернетӣ нашргардида оиди он, ки гӯё як […]



Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон изҳор медорад, ки корманди милитсияи чанде қабл дар Қирғизистон боздоштшуда ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар мақомоти корҳои дохилии ҷумҳурӣ кор намекунад.

Дар сомонаи расмии ВКД Тоҷикистон дар ин робита иттилоъ дода мешавад, ки дар робита ба хабари дар сомонаҳои интернетӣ нашргардида оиди он, ки гӯё як корманди ВКД Тоҷикистонро дар Қирғизистон бо маводи мухаддир дастгир намудаанд, иттилоъ медиҳем, ки ин нафар Иброҳимов Муродалӣ, собиқ корманди мақомоти корҳои дохилӣ буда, бо фармони вазири корҳои дохилии ҶТ таҳти №30 аз 9-уми феврали соли 2016 бинобар кирдори иснодоваранда, паст задани шаъну шарафи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва мунтазам вайрон намудани интизоми хизматӣ аз мақомоти корҳои дохилӣ озод карда шудааст.

Ёдрас мекунем, ки кормандони Хадамоти давлатии назорати маводи нашъаовари Қирғизистон рӯзи 1 март ду шаҳрванди Тоҷикистонро ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт намудаанд. Тавре

иттилоъ дода шуда буд

, яке аз онҳо майори милитсияи Тоҷикистон будааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.