Низомии руси ба таксирони тоҷик дарафтода ба табобат фиристода шуд

ASIA-Plus



Хизматчии ҳарбии пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон Дмитрий Толстой, ки

моҳи августи соли гузашта

баъди ба таксирони тоҷик Тоҳир Султонов дарафтоданаш боздошт шуда буд, барои муолиҷаи маҷбурии рӯҳӣ ба бемористони Красноярск фиристода шудааст. Дар ин бора


Русская служба BBC

 


 хабар медиҳад.

Зикр мегардад, ки қаблан ташхиси судии рӯҳӣ, ки дар Екатеринбург гузаронида шуд, аз рӯҳан бемор будани ӯро муайян кард. Дмитрий Толстой ба Тоҷикистон истирдод намешавад.

Ёдрас мекунем, ки охири моҳи августи соли гузашта сарбози пойгоҳи 201-уми низомии Русия дар Тоҷикистон бо корд ба сокини шаҳри Қурғонтеппа дарафтода, дар натиҷа ӯ ҷароҳатҳои сершумор бардошт. Дмитрий Толстой, хизматчии ҳарбии қисми ҳарбии пойгоҳи низомии 201 дар шаҳри Қӯрғонтеппа бо чандин зарби корд таксирони 24-сола, сокини маҳаллаи Ғайрати шаҳри Қӯрғонтеппа Тоҳир Султоновро маҷрӯҳ карда буд.

Таксирон Тоҳир Султонов дар ҳолати вазнин, бо захмҳо дар гардану сар ва дастон ба бемористон оварда шуд. Ӯ дарҳол ҷарроҳӣ шуда, баъди ду рӯз ба палатаи умумӣ гузаронида шуд.

Қобили зикр аст, ки соли 2014 низ ду сарбози дигари рус – Илдар Сахапов ва Федор Басимов 

дар қатли ронандаи таксӣ Раҳимҷон Тешабоев муттаҳам шуда,

 ба 13 ва 17 соли зиндон маҳкум шуданд.

Материал доступен на этих языках:

Cхожие материалы

spot_imgspot_img

Популярное

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Последние новости
Свежее

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...