Тоҷикзанони маъруф дар Facebook аз нигоҳи Global Voices

Платформаи байнулмилалии блоггерии Global Voices 6 зани тоҷикеро, ки дар робита ба онҳо дар шабакаи иҷтимоии Facebook нисбатан таваҷҷуҳи бештар зоҳир мешавад, муайян кард. Дар маводи дар сомонаи Global Voices интишоршуда ба занҳои тоҷики бештар «пурнуфуз» дар шабака сухан рафта, қайд мешавад, ки ин занҳо «бинобар сабаби саҳми нодирашон дар Тоҷикистони муосир» интихоб шудаанд. Нахуст […]



Платформаи байнулмилалии блоггерии Global Voices 6 зани тоҷикеро, ки дар робита ба онҳо дар шабакаи иҷтимоии Facebook нисбатан таваҷҷуҳи бештар зоҳир мешавад, муайян кард.

Дар маводи дар сомонаи Global Voices интишоршуда ба занҳои тоҷики бештар «пурнуфуз» дар шабака сухан рафта, қайд мешавад, ки ин занҳо «бинобар сабаби саҳми нодирашон дар Тоҷикистони муосир» интихоб шудаанд.

Нахуст дар рӯйхат аз «таблиғгар (промоутер)-и хастанашавандаи фарҳанги тоҷикон Манзура Маҳкамова ном бурда мешавад. «Собиқ мушовири президент оид ба масоили иқтисодӣ, модари ду фарзанд, молики тиҷорати муваффақи консалтингӣ Манзура Маҳкамова то маъруф шуданаш дар Facebook яке аз фаъолони чандин гурӯҳҳо буд», – зикр мегардад дар мавод.

Таъкид мешавад, ки дар Facebook ӯ гурӯҳи «I love Хуҷанд»-ро таъсис дод, то ки ба рушди сайёҳӣ ва ҷалби сармоягузорӣ дар дуюмин шаҳри бузурги кишвараш мусоидат намояд.

Дар зинаи дуюми ин рӯйхат собиқ рӯзноманигор – «маликаи шабака» – Шаҳноз Комилзода, модари ду кӯдак қарор дорад, ки Global Voices ӯро «хонуми маъруфтарин аз Тоҷикистон дар Facebook» унвон кардааст. Ин маъруфияти ӯ ба он рабт дорад, ки бо ду забон – тоҷикву русӣ зери мавод шарҳ мегузорад.

Дар идома «соҳибхоназани олимақом – Парӣ Саидова», «тоҷирзан – Манижа Ҳаитова», «Садои ҳақиқат – Файзинисо Воҳидова» ва «Симои мӯди тоҷик – Макнуна Ниёзова» зикр гардидаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

То +45°C ва баъзан борон меборад: ҳавои моҳи июн дар Тоҷикистон

Дар аксари минтақаҳои Тоҷикистон моҳи июн гарму хушк омада, аммо дар баъзе рӯзҳо борону раъду барқ дар назар аст.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".