Ҷазо барои муомилоти ғайриқонунии асъор сангинтар мешавад

Дар ҷаласаи навбатии имрӯзаи иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати панҷум масъалаи ворид намудани атғйироту иловаҳо ба қонунгузорӣ дар масъалаи сангинтар намудани масъулият барои даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии асъори хориҷӣ мавриди баррасӣ қарор мегирад. Дар тағйироти зикршуда сангинтар шудани ҷавобгарии шахсони воқеъиву ҳуқуқӣ барои даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии асъори хориҷӣ, аз […]



Дар ҷаласаи навбатии имрӯзаи иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати панҷум масъалаи ворид намудани атғйироту иловаҳо ба қонунгузорӣ дар масъалаи сангинтар намудани масъулият барои даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии асъори хориҷӣ мавриди баррасӣ қарор мегирад.

Дар тағйироти зикршуда сангинтар шудани ҷавобгарии шахсони воқеъиву ҳуқуқӣ барои даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии асъори хориҷӣ, аз ҷумла зиёд шудани ҷаримаву муҳлати таъқиб ва мусодираи асъори дар гардиши ғайриқонунӣ қарордошта пешбинӣ шудааст.

Котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони кишвар Муҳаммадато Султонов ба «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки дар ҷаласаи имрӯза ҳамчунин масоили марбут ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Кодекс дар бораи ҳуқуқайронкунии маъмурӣ низ муҳокима хоҳанд шуд.

Ғайр аз ин, вакилони мардумӣ масъалаи тасдиқи созишномаи грантӣ аз рӯи Лоиҳаи тақвияти маълумоти касбӣ-техникӣ ва таҳсил миёни Тоҷикистон ва Бонки осиёгии рушдро низ баррасӣ мекунанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.