Оғози размоиши густурдаи артишҳои Тоҷикистону Русия

Ҳавопаймоҳои боркашиашон вазнини нақлиётии Ан-124-100 «Руслан» нуқтаҳои мобилии муосири идоракунӣ, низомҳои худкор ва техникаи алоқаро, ки интиқоли маълумот ва дастурҳои ҷангӣ ба ҷузъу томҳои низомӣ зимни тамринҳои муштараки фармондеҳӣ-ситодӣ ва размоиши имрӯз оғозмешудаи воҳидҳои Қуваҳои Мусаллаҳи Русия ва Тоҷикистонро таъмин мекунанд, ба Душанбе интиқол доданд. Дар ин бора хадамоти матбуоти Ҳавзаи марказии низомии Қувваҳои Мусаллаҳи […]

ASIA-Plus



Ҳавопаймоҳои боркашиашон вазнини нақлиётии Ан-124-100 «Руслан» нуқтаҳои мобилии муосири идоракунӣ, низомҳои худкор ва техникаи алоқаро, ки интиқоли маълумот ва дастурҳои ҷангӣ ба ҷузъу томҳои низомӣ зимни тамринҳои муштараки фармондеҳӣ-ситодӣ ва размоиши имрӯз оғозмешудаи воҳидҳои Қуваҳои Мусаллаҳи Русия ва Тоҷикистонро таъмин мекунанд, ба Душанбе интиқол доданд. Дар ин бора хадамоти матбуоти Ҳавзаи марказии низомии Қувваҳои Мусаллаҳи Русия хабар медиҳад.

Ҳамчунин воҳидҳои нозироти автомобилӣ ва пулиси низомӣ низ тариқи ҳавопаймо омадаанд, ки вазифаҳо оид ба таъмини ҳаракати қатораҳо, ҳифзи урдугоҳҳои заминавӣ ва нуқтаҳои саҳроии алоқаро ба иҷро мерасонанд.

Бино ба иттилои расмӣ, дар тамринҳои муштарак ва машқи низомӣ мақомоти идоракунии низомии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ва Ҳавзаи марказии низомии Русия, воҳидҳои муҳаррики тирандозӣ, танкӣ ва артиллерия, воҳидҳои таъиноти махсус ва ҳамчунин гурӯҳҳои десантӣ иштирок карда, амалҳои онҳоро муҳандисони низомӣ, дигар мутахассисони воҳидҳои таъминоту хизматрасонӣ, ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин, табибони ҳарбӣ ва ғайра танзиму таъмин хоҳанд кард. Амалҳои тамрину машқҳоро гурӯҳи авиатсия аз ҳаво дастгирӣ хоҳад кард.

Хизматчиёни ҳарбии артиши ду кишвар масъалаҳои амалҳои муштарак, тарзҳои ягона оид ба нобуд кардани гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ дар манотиқи кӯҳсор, аз байн бурдани урдӯгоҳҳо, анбор ва дигар иншооти душмани шартиро мавриди омӯзиш қарор дода, дар амал ба иҷро мерасонанд.

Қобили зикр аст, ки ҳавопаймои низомиии боркаши Ан-124-100 «Руслан» барои интиқоли ҷузъу томҳои низомӣ бо техника ва аслиҳаву муҳимот ба макони дурдасти амалиёти ҳарбӣ таъин шудааст. Иқтидори борбардории ҳавопаймо беш аз 120 тонна ва масофаи имкопазири парвоз бо борбардории ниҳоӣ – зиёда аз 5 ҳазор километрро ташкил медиҳад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.