30 млн. $-и БОР баҳри дастгирии маълумоти касбиву техникии Тоҷикистон

Аваз Юлдошев



Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз бидуни баррасӣ ва якдилона созишномаи моҳи ноябри соли гузашта баимзорасидаи ҳукумати ҷумҳурӣ бо Бонки осиёгии рушд (БОР)-ро тасдиқ намуд.

Мутобиқи ин созишнома, БОР баҳри дастгирии низоми маълумоти касбиву техникии Тоҷикистон 30 млн. доллари ИМА маблағ ҷудо мекунад.

Зимни суханронӣ назди вакилон доир ба ин масъала вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ Сумангул Тағойзода изҳор намуд, ки аз ин маблағ 15 млн. доллар ба сифати грант ва 15 млн. ба сифати қарзи имтиёзнок пешниҳод мегардад.

«Муддати 5 сол дар доираи амалисозии лоиҳа 29 литсейҳои касбиву техникӣ ва марказҳо, ки минбаъд аз рӯи 17 ихтисос кадрҳои ҳирфаӣ омода мекунанд, аз таъмир бароварда шуда, аз нав бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд», – иброз дошт ӯ.

Вазир қайд кард, ки зимни омода кардани мутахассисон ба касбҳое таваҷҷуҳ зоҳир карда хоҳад шуд, ки бозорҳои кори кишвар ба онҳо эҳтиёҷ доранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...