Марҳилаи асосии размоишҳои муштараки воҳидҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Русия ва Тоҷикистон имрӯз, 14 март оғоз мегардад.
Бино ба иттилои
РИА Новости
бо истинод ба маълумоти Ҳавзаи марказии ҳарбӣ имрӯз марҳилаи асосии размоиши фармондеҳӣ-ситодии воҳидҳои Қувваҳои мусаллаҳи Русия ва Тоҷикистон оғоз мегарданд.
Гуфта мешавад, дар вазъи ҷангӣ бо истифода аз воситаҳои муосири табодули маълумот дар дохили нуқтаҳои идоракунандаи ситодҳо, аз ҷумла бо Маркази миллии идоракунии мудофиаи Русия тамринҳо гузаронида шуда, масофаи умумии хатсайрҳои ҷойивазкунӣ беш аз 20 ҳазор километрро ташкил додааст.
Ҳайати гурӯҳҳои авиатсионӣ, ки дар размоишҳо иштирок мекунанд, аз ҳавопаймоҳои бомбафкан ба масофаи дури мушакбари Ту-22М3, ҳавопаймоҳои қиркунандаи Су-25 СМ, ҳавопаймоҳои бомбафкани фронтии Су-24М, чархболҳои зарбазани Ми-24, чархболҳои нақлиётиву ҷангии Ми-8, ҳавопаймоҳои авиатсияи нақлиётӣ ва ҳамчунин нерӯ ва воситаҳои қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоии Тоҷикистон иборат аст. Ин гурӯҳ ба макони шартии ҷангӣ ҳозир шудану роҳандозии амалиёти ҷузъу томҳоро дар машқгоҳҳои Лоҳур, Ҳарбмайдон, Момирак ва Ҳалқаёр таъмин мекунад.
Дар тамринҳои муштарак ва машқи низомӣ мақомоти идоракунии низомии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ва Ҳавзаи марказии низомии Русия, воҳидҳои муҳаррики тирандозӣ, танкӣ ва артиллерия, воҳидҳои таъиноти махсус ва ҳамчунин гурӯҳҳои десантӣ иштирок карда, амалҳои онҳоро муҳандисони низомӣ, дигар мутахассисони воҳидҳои таъминоту хизматрасонӣ, ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин, табибони ҳарбӣ ва ғайра танзиму таъмин хоҳанд кард. Амалҳои тамрину машқҳоро гурӯҳи авиатсия аз ҳаво дастгирӣ хоҳад кард.
Қаблан ҳавопаймоҳои бомбафкан ба масофаи дури мушакбари Ту-22М3-и Неӯҳои низомии кайҳонии Русия ҷиҳати иштирок дар
размоишҳои муштараки
Қувваҳои Мусаллаҳи Русия ва Тоҷикистон аз фурудгоҳи низомии «Толмачёво» дар вилояти Новосибирск ба фурудгоҳи «Айнӣ» дар наздикии шаҳри Душанбе (30 километр дуртар) омаданд.
Котиби матбуотии Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадализода қаблан ба «Азия-Плюс»
иттилоъ дода буд
, ки ба размоишҳои муштараки артишҳои Тоҷикистону Русия, ки аз 15 то 20 март дар панҷ тамрингоҳи гарнизони Хатлон доир мегарданд, 950 адад техникаи зиреҳпӯшу артиллерия, 32 адад авиатсия ҳарбӣ ва нақлиётӣ сафарбар мешаванд.



