Мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров бо раисони ҳарду палатаи парлумони Покистон

Дар доираи сафари расмӣ ба Исломобод раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров рӯзи 15 март бо раиси Ассамблеяи миллии Покистон  Сардор Аёз Содиқ мулоқот кард. Бино ба иттилои сомонаи расмии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, дар вохӯрӣ масоили марбут ба тавсеъаи робитаҳои парлумонии кишварҳо, табодули таҷриба дар самти фаъолият ва ҷараёни амалисозии қарордоду созишномаҳои […]

ASIA-Plus



Дар доираи сафари расмӣ ба Исломобод раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров рӯзи 15 март бо

раиси Ассамблеяи миллии Покистон

 Сардор Аёз Содиқ мулоқот кард.

Бино ба иттилои сомонаи расмии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, дар вохӯрӣ масоили марбут ба тавсеъаи робитаҳои парлумонии кишварҳо, табодули таҷриба дар самти фаъолият ва ҷараёни амалисозии қарордоду созишномаҳои қаблан баимзорасида миёни Душанбе ва Покистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Шукурҷон Зуҳуров таъкид намуд, ки Тоҷикистон пешниҳоди ҷониби Покистонро дар мавриди созмон додани Парлумони Осиё ҷонибдорӣ менамояд, зеро ин ибтикор ҷавобгӯи ниёзҳои кишварҳо дар самти тақвияти ҳамкориҳои минтақавӣ ва таъмини сулҳу субот мебошад.

Раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон аз ҷониби Покистон даъват ба амал овард, ки ба амалисозии лоиҳаи CASA-1000 ва ҳамчунин сохтмони хатти интиқоли барқи Тоҷикистон – Покистон тариқи долони Вахони Афғонистон бештар саҳмугузор бошад.

Ҳамчунин зимни мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров бо

раиси Сенати Покистон

Ризо Раббонӣ ба масоили рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои энергетикаву савдо, коммуникатсия ва транзити молу хизматгузориҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.