Умедвории Покистон аз оғози амалисозии лоиҳаи CASA-1000 дар моҳи май

Дар мулоқот бо раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров президенти Покистон Мамнун Ҳусейн изҳор доштааст, ки татбиқи лоиҳаи CASA-1000 марҳилаи муҳимест дар фаъол гардонидани муносибатҳои Покистону Тоҷикистон. Бино ба иттилои нашрияи покистонии Daily Times , вохӯрӣ санаи 16 март дар Исломобод доир гардида, дар он Мамнун Ҳусейн изҳори умедворӣ кардааст, ки моҳи майи соли […]

ASIA-Plus



Дар мулоқот бо раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров президенти Покистон Мамнун Ҳусейн изҳор доштааст, ки татбиқи лоиҳаи CASA-1000 марҳилаи муҳимест дар фаъол гардонидани муносибатҳои Покистону Тоҷикистон.

Бино ба иттилои нашрияи покистонии

Daily Times

, вохӯрӣ санаи 16 март дар Исломобод доир гардида, дар он Мамнун Ҳусейн изҳори умедворӣ кардааст, ки моҳи майи соли равон маросими оғози амалисозии лоиҳа баргузор мешавад.

Портали покистонии

Business Recorder

дар ин робита аз қавли Мамнун Ҳусейн менависад, пас аз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ин хатти интиқоли барқ, Покистон ҳамасола метавонад дар ҳаҷми 1000-2000 МВТ нерӯи барқ ворид кунад.

Қобили зикр аст, ки қаблан сарони кишварҳои иштирокчии CASA-1000 

изҳор доштанд

, ки дар маросими гузоштани хишти аввал ба сохтмони хатти интиқоли барқ ва дигар зербинои ин лоиҳа дар Душанбе иштирок карданианд.

Дар марҳилаи аввали амалисозии лоиҳа сохтмони хатти интиқоли барқи 500 кВ Датка – Хуҷанд дар назар аст, ки низомхои энергетикии Қирғизистону Тоҷикистонро бо ҳам пайваст мекунад. Ҳамчунин бунёди хатти баландшиддати барқ аз Тоҷикистон ба Пешовари Покистон тариқи Афғонистон пешбинӣ шудааст. Ғайр аз ин, дар тамоми масофаи хатти интиқоли барқ зеристгоҳҳои табодули барқ насб мешаванд.

Оғози интиқоли барқ ба Покистон дар ҳаҷми 1000 МВТ дар як сол тариқи ин хат соли 2017 дар назар аст. Агар Афғонистон нерӯи барқи дар доираи лоиҳаи ҷудошуда дар ҳаҷми 300 МВт дар як солро истеъмол карда натавонад, онро Покистон дастрас хоҳад кард.

Амалисозии лоиҳа ба интиқоли нерӯи барқ ба Афғонистону Покистон дар ҳаҷми 1300 МВт дар як сол аз ҷониби Тоҷикистону Қирғизистон имкон медиҳад. Дар лоиҳаи CASA-1000  сохтмони хатти интиқоли барқи минтақавӣ барои дар мавсими тобистон аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон  интиқол додани нерӯи барқи зиёдатӣ пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин амалисозии ин лоиҳа ба таҳияи механизмҳои савдои барқ ва таъсиси бозори минтақавии нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASAREM) низ мусоидат менамояд.

Анҷоми амалисозии лоиҳаи мазкур соли 2020 дар назар аст. Арзиши умумии лоиҳа беш аз 1 млрд. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Хароҷоти амалисозии лоиҳа тариқи зайл тақсим шудааст: Тоҷикистон – 314 млн., Қирғизистон – 209 млн., Афғонистон – 354 млн. ва Покистон – 209 млн. доллари ИМА.

Қобили зикр аст, ки Русия низ ба сохтмони лоиҳаи CASA-1000

сармоягузор шуда метавонад

. Директори Фонди рушди энергетикӣ Сергей Пикин чанд рӯз қабл ба ВАО-и Русия дар ин робита 

иттилоъ дода буд

, ки айни замон лоиҳаҳои марбут ба тақвияти робитаҳо миёни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ мавриди баррасӣ қарор доранд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.