Арзи сипоси сарвари давлат ба соҳибкорони Конибодом

ASIA-Plus



Дар доираи боздид аз вилояти Суғд Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар зардолубоғи хоҷагии деҳқонии Ғалабаи  ҷамоати деҳоти Раҷаб Ҳамробоеви шаҳри Конибодом назди роҳбарону фаъолон ва сокинон

суханронӣ

ва бо онҳо

сӯҳбати самимӣ

доир кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, нахуст Эмомалӣ Раҳмон ҳозиринро бо фарорасии Соли нави аҷдодӣ – Наврӯзи оламафрӯз самимона табрик гуфта, ба сокинон бахту иқболи баланд ва баракати кор орзу намуд.

Таъкид гардид, ки дар доираи корҳои созандагию бунёдкории Ҳукумати кишвар имрӯз дар шаҳри Конибодом  якчанд иншооти таъиноти гуногун ифтитоҳ гардид. Ҳадаф аз бунёди корхонаҳои саноатӣ таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ба шуғл фаро гирифтани мардум ва беҳдошти сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад.

Сарвари давлат ба иқдоми неки соҳибкорони шаҳр баҳри мусоидат дар ободии диёри хеш изҳори сипос намуда, диққати ҳозиринро ба вусъати корҳои ободонию созандагӣ, рушди соҳаи боғдорӣ, содироти ҳарчи бештари маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷ, инчунин дигар корҳои хайр ҷалб кард.

Ба андешаи Пешвои миллат мардуми шаҳри Конибодом бо такя ба анъанаҳои неки гузаштагони худ ба корҳои ободонӣ бо азми қавӣ муносибат карда, бо меҳмоннавозӣ, заҳматдӯстӣ ва ватанпарвариву фарҳангдӯстии хеш дар ҷодаи таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва рушди минбаъдаи кишвари азизамон саҳми назаррас мегузоранд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми меҳнатқарину қавииродаи Конибодом барои пуштибонӣ аз сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати кишвар изҳори сипос карда, онҳоро ба идомаи корҳои созандагӣ, тарбияи фарзандон дар роҳи ватандорию хештаншиносӣ ҳидоят намуд.


Баъди суханронии Сарвари давлат аз номи сокинони шаҳр Аҳрор Бобоҷонзода – омӯзгор, Шаҳноза Аҳмадова – донишҷӯ, Нозими Нуъмонӣ кишоварз ва Зарнигор Баротова – омӯзгор суханронӣ карда, ба Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини зиндагии сазовор изҳори миннатдорӣ карданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.