Нигаронии сарвари давлат аз болоравии сатҳи ҷинояткорӣ дар баъзе минтақаҳои кишвар

Нимаи дуюми рӯзи 26 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни машварат, ки бо иштироки роҳбарони як қатор вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ ҷараён гирифт, Эмомалӣ Раҳмон нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои онро дар давоми […]



Нимаи дуюми рӯзи 26 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд

машварати корӣ

доир намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни машварат, ки бо иштироки роҳбарони як қатор вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ ҷараён гирифт, Эмомалӣ Раҳмон нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои онро дар давоми 2 моҳи аввали соли 2016 таҳлил намуда, пешрафти соҳаҳо ва рафти татбиқи дастуру супоришҳои қаблан додашударо мавриди баррасӣ қарор дод.

Президенти мамлакат бо қаноатмандӣ зикр кард, ки солҳои охир дар вилояти Суғд садҳо иншооту корхонаҳои саноатӣ ба кор даромада, ҳазорҳо гектар боғу токзори нав бунёд шуд, инчунин шаҳру ноҳияҳо тадриҷан ободу зебо мешаванд. Дар ду моҳи соли ҷорӣ 11 корхонаи нави саноатӣ бо шумораи 1200 ҷойи нави корӣ ба истифода дода шудааст, ки ин боиси беҳдошти сатҳи зиндагии мардум мегардад.

Сарвари давлат изҳор дошт, ки тибқи натиҷаҳои ҷамъбасти ду моҳи соли равон нақшаи даромади буҷети давлатӣ бе назардошти андози иҷтимоӣ 101,6 фоиз таъмин гардида, ба буҷет беш аз 218 миллион сомонӣ маблағ ворид гардидааст.

Дар ду моҳи соли ҷорӣ дар соҳаи кишоварзии вилоят ба маблағи 240 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардидааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 8 фоиз зиёд мебошад.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ инчунин диққати хозиринро ба афзоиши амалҳои коррупсионӣ дар сохторҳои гуногун ва ворид шудани зиёни иқтисодӣ ба буҷа ҷалб карда, супориш дод, ки дастаҷамъона бар зидди ин мушкилот мубориза баранд.

Ба масъулини ҷумҳуриявӣ ва маҳаллии соҳаи андоз дастур дода шуд, ки ба фаъолияти озоди соҳибкорон монеаҳо эҷод накарда, танҳо дар доираи талаботи қонунгузорӣ амал намоянд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳон, таъсири омилҳои беруна ба амнияти давлату миллат андешаронӣ карда, аз болоравии сатҳи ҷинояткорӣ дар баъзе минтақаҳои кишвар, гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, бахусус дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд изҳори нигаронӣ кард. Президенти мамлакат бо қотеъият аз фаъолони вилоят ва аҳли ҷомеа даъват намуд, ки “бетарафӣ накарда, муборизаро бар зидди ин зуҳуроти пурхатар ҷоннок намоянд”.

Президенти мамлакат дастур дод, ки кормандони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва амният дар самти пешгирӣ ва аз байн бурдани гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ва дигар хатарҳо тадбирҳои саривақтӣ андешанд.

Оид ба вазъи ҷинояткорӣ, пешгирии гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои тундрав ва ҳизбу ҳаракатҳои динии террористӣ – экстремистӣ, мубориза бо коррупсия ва дигар амалҳои номатлуб ҳамчунин ахбори раиси Кумитаи давлатии амнияти милии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов, Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода, Прокурори генералӣ Раҳмон Юсуф шунида шуд.

Супориш дода шуд, ки дар назди Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ маркази бозомӯзии ходимони дин таъсис дода шавад.

Дар кори машварат инчунин ҳисоботи раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ оид ба иҷрои супоришҳои ҳукумати мамлакат дар самти рушди бахшҳои хоҷагии халқ шунида шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.