Вазорати мудофиа маълумоти лату кӯби сарбозро рад кард

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар робита ба мақолаи шикоятии наздикони сарбоз Меҳровар Мақсудов дар сомонаи радиои «Озодӣ» таҳти унвони «Наздикони Меҳровар аз Эмомалӣ Раҳмон кумак хостанд» изҳорот пахш намуд. Дар изҳороти интишоршудаи Вазорати мудофиаи ҶТ дар сомонаи АМИТ «Ховар» қайд мешавад, ки дар асоси маълумотномаи Беморхонаи ҳарбии Вазорати мудофиа ва роҳхати командири қисми ҳарбии 08010 аз […]



Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар робита ба мақолаи шикоятии наздикони сарбоз Меҳровар Мақсудов дар сомонаи радиои «Озодӣ» таҳти унвони «Наздикони Меҳровар аз Эмомалӣ Раҳмон кумак хостанд» изҳорот пахш намуд.

Дар изҳороти интишоршудаи Вазорати мудофиаи ҶТ дар сомонаи

АМИТ «Ховар»

қайд мешавад, ки дар асоси маълумотномаи Беморхонаи ҳарбии Вазорати мудофиа ва роҳхати командири қисми ҳарбии 08010 аз санаи 17 марти соли 2016 бинобар сабаби бемории асаб дар шуъбаи бемориҳои асаб ва рўҳӣ бо ташхиси пешакӣ ва дар натиҷа баъди ташхис маълум гардид, ки сарбози қаторӣ Меҳровар Мақсудов бо бемориҳои нейроинфексияи гузаронидашуда (гулафшон) бо аломатҳои астеникӣ, бо мақсади муоина, бистарӣ карда шуд. Инчунин ҳангоми муоина маълум карда шуд, ки дар бадани сарбози қаторӣ Меҳровар Мақсудов нишонаҳои лату кӯб, ҷароҳати бурида, хуномусии баъди латхурӣ ёфт нашуд. Инчунин муоинаи томографияи магнитию резонансӣ дар санаи 21 марти соли 2016 гузаронида шудааст, ки хулосааш чунин аст: бе тағйироти патологӣ».

Қайд мешавад, ки сарбози қаторӣ Меҳровар Мақсудов ҳақиқатан 14 ноябри соли 2015 тариқи гирифтани даъватнома аз ҷониби комиссариати ҳарбии ноҳияи Рўдакӣ бо ихтиёри худ ба хизмати ҳарбӣ даъват шудааст.

Дар идомаи изҳороти Вазорати мудофиа омадааст, ки М. Мақсудов сараввал хизмати худро дар қисми ҳарбии 02011-и Қўшунҳои зудамали Вазорати мудофиа оғоз намуда, сипас барои омода намудани мутахассисони мошини зиреҳпўши ҷангӣ ба маркази таълимии қисми ҳарбии 08010-и Қўшунҳои хушкигарди Вазорати мудофиа сафарбар карда шудааст.

Дар мақола наздикони Меҳровар Мақсудов аз вазъи сарбоз чунин изҳори нигаронӣ кардаанд: «Меҳровар ҳоло дар вазъияти хеле бад қарор дорад. Мо сабти овози ўро дорем, ки мегўяд  10 нафар ҳамхизматонаш ўро лату кӯб кардаанд. Дар ҳоле, ки даст ба чунин кор задаанд, бигзор иқрор шаванд. Ё ҳадди ақал Меҳроварро ба мо бидиҳанд, ки худамон муолиҷа кунем».

Бино ба изҳороти Вазорати мудофиа, сарбози қаторӣ бо сабаби рафторҳои намоишкорона доштан, дар шуъба ва ба атрофиён хатарнок буданаш, барои муайян намудани ҳолати рўҳӣ ва гузаронидани экспертизияи психиатрӣ санаи 22 марти соли 2016 ўро ба Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои рўҳӣ равона намудаанд ва айни ҳол дар онҷо қарор дорад.

Зимнан зикр мегардад, ки мактуби шикоятии модари сарбози қаторӣ Меҳровар Мақсудов ба унвонии Сарпрокуратураи ҳарбӣ мавриди баррсӣ ва таҳқиқи ҳамаҷониба қарор дода шуда, баъди санҷиш қарори қонунӣ қабул карда мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.