Гумонбарии директори осорхонаи Хатлон ба нашъаҷаллобӣ

Директори осорхонаи давлатии вилояти Хатлон «Авасто» Насриддин Каримов, ки қаблан боздошт шуда буд, ба даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир гумонбар дониста мешавад. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, дар манзили Каримов 219 грамм маводи мухаддири героин дарёфт ва мусодира шудааст. Нисбати Насриддин Каримов мутобиқи […]



Директори осорхонаи давлатии вилояти Хатлон «Авасто» Насриддин Каримов, ки қаблан боздошт шуда буд, ба даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир гумонбар дониста мешавад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, дар манзили Каримов 219 грамм маводи мухаддири героин дарёфт ва мусодира шудааст.

Нисбати Насриддин Каримов мутобиқи моддаи 200, қ. 3-и Кодекси ҷиноии ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот дар ин самт идома дорад.

Дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ расман боздошти директори осорхонаро ба ҳеҷ гунае шарҳу тавзеҳ намедиҳанд.

Бино ба маълумоти як манбаъи «Азия-Плюс», Н.Каримов ҳанӯз то таҷлили ҷашни Наврӯз боздошт шуда, вале сабабҳои боздошти ӯ маълум набуданд.

Дар Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон дар ин робита иттилоъ дода буданд, ки аз боздошти директори осорхонаи вилоятӣ баъди рӯзҳои истироҳати дарозмуддати ҷашни Наврӯз, вақте ки ӯ ба кор набаромадааст, огоҳ шудаанд, лекин онҳо ҳам аз сабабҳои боздошти Н.Каримов маълумот надоштанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Пас аз таваққуфи семоҳа хатсайрҳои ҳавоӣ миёни Душанбе ва Теҳрон аз сар гирифта шуданд

Ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” зиёда аз 90 мусофиронро ба Душанбе овард.

То +45°C ва баъзан борон меборад: ҳавои моҳи июн дар Тоҷикистон

Дар аксари минтақаҳои Тоҷикистон моҳи июн гарму хушк омада, аммо дар баъзе рӯзҳо борону раъду барқ дар назар аст.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.