Конфронси илмӣ бахшида ба 125-солагии академик С.И. Вавилов

ASIA-Plus

Дар Маркази илм ва фарҳанги Россия дар шаҳри Душанбе Конфронси илмии хонандагон ва донишҷӯён дар мавзӯи саҳми академик С.И. Вавилов дар ташаккул ва рушди мактаби илмии оптикаи соҳаи физикаи СССР ва Россия бахшида ба 125-солагии физики барҷастаи Россия баргузор гардид.   Бино ба иттилои Шервони Умриддин, котиби матбуотии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронс бо ташаббуси […]



Дар Маркази илм ва фарҳанги Россия дар шаҳри Душанбе Конфронси илмии хонандагон ва донишҷӯён дар мавзӯи саҳми академик С.И. Вавилов дар ташаккул ва рушди мактаби илмии оптикаи соҳаи физикаи СССР ва Россия бахшида ба 125-солагии физики барҷастаи Россия баргузор гардид.

 

Бино ба иттилои Шервони Умриддин, котиби матбуотии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронс бо ташаббуси Маркази илм ва фарҳанги Россия дар Тоҷикистон ва ҳамкорӣ бо Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Дар Конфронс раиси Маркази илм ва фарҳанги Россия дар шаҳри Душанбе В.О. Курнушко, ноиби президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Саидмаҳмад Одинаев, номзади илмҳои биология С.Т. Благовещенская, сармутахассиси Шуъбаи кор бо мактаббачагони АИ ҶТ А.М. Бӯриев, мутахассиси Шуъбаи кор бо мактаббачагони АИ ҶТ А.Г. Сафаров ва хонандагони синфҳои 7 ва 11 дар зери роҳбарии олимони пешсаф дар бахшҳои гуногуни АИ ҶТ: бахшҳои физика, астрофизика, химия, ҷуғрофия ва дигарон шитирок намуданд.

Хонандагоне, ки дар Конфронс иштирок намуданд бо баромадҳои ҷолиби худ диққати иштироккунандагони Конфронсро ҷалб намуданд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Ҳамчун арзёбии пурра қабул кардан дуруст нест”. Вокуниши Оҷонсии ҳавошиносӣ ба радабандии пажуҳишгоҳи “IQAir” дар бораи ҳавои ифлоси Тоҷикистон

Пажуҳишгоҳи “IQAir” дар як гузориш навишт, ки дар соли 2025 Тоҷикистон аз лиҳози ифлосии ҳавои атмосферӣ дар ҷаҳон дар ҷойи сеюм қарор дошт.

Оғози парвозҳои мунтазам дар масири Душанбе – Уфа – Душанбе

Маълум кардем, ки кай парвоз оғоз мешавад ва нархи чипта чанд аст.

“Нешзанӣ”-и Путину “таъна”-и Пашинян. Баҳси тунди роҳбарони Русияву Арманистон дар ҳузури расонаҳо

Равобити ин кишвар дар пайи радди дахолати СААД ба ҷанги Арманистону Озарбойҷон ба сардӣ гароидааст.

Қосиди меҳри кӯдакони Кобул дар кӯчаҳои Душанбе. Муҳаммад Ҷӯёи 9-сола кист ва чаро ба Тоҷикистон омад?

Фазои осоишта, кӯчаҳои пур аз одам ва холӣ аз садои тиру туфанги Тоҷикистон ба Муҳаммад Ҷӯё писанд омадааст.