«Истиқлол» бори шашум ба Суперҷом соҳиб шуд

Қаҳрамони чоркаратаи футболи Тоҷикистон – дастаи «Истиқлол»-и Душанбе рӯзи 3 апрел дар Варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода дар вохӯрӣ барои дарёфти Суперҷоми футболи Тоҷикистон бар дорандаи медалҳои нуқраи чемпионати мавсими соли гузашта – дастаи «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо ҳисоби 3 бар 2 ғолиб омада, ба Суперҷоми футболи кишвар соҳиб шуд. Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, қисми […]

ASIA-Plus



Қаҳрамони чоркаратаи футболи Тоҷикистон – дастаи «Истиқлол»-и Душанбе рӯзи 3 апрел дар Варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода дар вохӯрӣ барои дарёфти Суперҷоми футболи Тоҷикистон бар дорандаи медалҳои нуқраи чемпионати мавсими соли гузашта – дастаи «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо ҳисоби 3 бар 2 ғолиб омада, ба Суперҷоми футболи кишвар соҳиб шуд.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, қисми аввали бозӣ бо ҳисоби 2 бар 1 ба нафъи душабегиҳо ва қисми дуюми вохӯрӣ мусовӣ – 1 бар 1 анҷом ёфта, футболбози дастаи «Истиқлол» Александр Каблаш, легионери украинӣ бозигари беҳтарини вохӯрӣ дониста шуда, дар ин бозӣ ду тӯбро ба ҳадаф расонид.

Пас аз анҷоми вохӯрӣ медалҳои нуқраи Суперҷом ба дастаи “Хуҷанд” ва медалҳои тилло ба дастаи “Истиқлол” тақдим шуда, Хуршед Файзуллозода, ноиби аввали президенти ФФТ Суперҷоми Тоҷикистонро ба капитани “Истиқлол” Нуриддин Давронов супурд.

Қобили зикр аст, ки ин пирӯзии шашуми «Истиқлол» дар вохӯриҳо барои дарёфти Суперҷоми футболи мамлакат мебошад. Қаблан даста солҳои 2000, 2001, 2002, 2004 ва 2005 ба ин комёбӣ ноил гардида буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.