Тоҷикистон кишвари қашшоқтарини ОМ дониста шуд

Дар раддабандии кишварҳо аз рӯи сатҳи иқтисод, ки нашрияи амрикоии Global Finance Magazine таҳия намудааст, Тоҷикистон бо нишондиҳандаи каме бештар аз 2,8 ҳазор доллари ИМА ба ҳар як сари аҳолӣ зинаи 153-умро ишғол кард. Дар феҳристи ба истилоҳ «кишварҳои доротарини ҷаҳон ( The Richest Countries in the World ) 185 кишвар шомил шудаанд. Рейтинг бо […]

ASIA-Plus



Дар раддабандии кишварҳо аз рӯи сатҳи иқтисод, ки нашрияи амрикоии Global Finance Magazine таҳия намудааст, Тоҷикистон бо нишондиҳандаи каме бештар аз 2,8 ҳазор доллари ИМА ба ҳар як сари аҳолӣ зинаи 153-умро ишғол кард.

Дар феҳристи ба истилоҳ «кишварҳои доротарини ҷаҳон (

The Richest Countries in the World

) 185 кишвар шомил шудаанд. Рейтинг бо назардошти маълумоти Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байнулмилалии асъор тартиб дода шуда, зимни таҳияи он нишондиҳандаи қобилияти харидорӣ ба ҳар як сари аҳолӣ, ки ба арзиши нисбии ҳаёт ва сатҳи таваррум дар кишварҳо таваҷҷуҳ зоҳир мешавад, ба инобат гирифта шудааст.

Global Finance Magazine Қатар (ММД ба ҳар як сари аҳолӣ – 146 ҳазор $)-ро давлати дороторин (бойтарин)-и дунё номида, дар зинаҳои дуюм ва сеюми феҳрист Люксембург (94176 $) ва Сингапур (84821 $) ҷой гирифтаанд.

Ба 20-гонаи кишварҳои доротарини дунё ҳамчунин Бруней, Кувайт, Норвегия, АМА, Гонконг, ИМА, Швейтсария, Арабистони Саудӣ, Баҳрайн, Нидерланд, Ирландия, Австралия, Австрия, Шветсия, Олмон, Тайван, Канада, Дания, Уммон, Исландия, Белгия ва Франсия низ шомиланд.

Миёни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ (ОМ) Қазоқистон бо 25 ҳазору 367 $ барои ҳар як сари аҳолӣ зинаи 50-умро ишғол намуда, аз Русия бо ММД ба ҳар як сари аҳолӣ бо нишондиҳандаи 25 ҳазору 350 $ (зинаи 51-ум) пеш гузаштааст.

Туркманистон – дар мақоми 77-ум (15,8 ҳазор $), Ӯзбекистон – дар зинаи 127-ум (5,9 ҳазор $) ва Қирғизистон – дар ҷойи 142-юм (3,5 ҳазор $) қарор дошта, Афғонистон бо нишондиҳандаи 2 ҳазор $ ба ҳар як сари аҳолӣ зинаи 162-юмро касб кардааст.

Малави (зинаи 185-ум), Конго (зинаи 184-ум) ва Ҷумҳурии Африқоми Марказӣ (зинаи 183-юм) кишварҳои қашшоқтарини дунё унвон шудаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.