Дар шаҳри Ваҳдат Мафтуна Раҳмонова, як ҷавонзан бо тифли нимсолааш худро ба дарёи Кофарниҳон афканд.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, ин ҳодиса рӯзи 2 апрел рух дода, худи ҳамон рӯз наҷотдиҳандагон ҷасади ӯро дар қаламрави деҳаи Мавлонои ноҳияи Рӯдакӣ дарёфт намудаанд, вале ҷасади кӯдак алҳол пайдо нашуда, ҷустҷӯи онро наҷотдиҳандагони вилояти Хатлон идома медиҳанд.
Зимнан зикр гардид, ки дар прокуратураи шаҳри Ваҳдат аз рӯи ин далел мутобиқи моддаи 109 КҶ ҶТ (То ба худкушӣ оварда расонидан) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Наздикони зани ҳалокшуда гуфтаанд, мушкилоти хонаводагӣ, муноқишаҳои доимӣ бо шавҳар ва хешону наздикони ӯ ҷавонзанро ба худкушӣ водор сохтаанд.





