Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо байни наврасони то 18-сола (солҳои таваллудашон 1999-2001), ки рӯзҳои 2-3 апрел дар шаҳри Твери Русия баргузор шуд, соҳиби як медали тилло гардид.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, Ёқубҷон Назиров дар рақобатҳо дар вазни зери 81 кило баъди ду пирӯзӣ бар Владимир Сечин ва Манаф Набиев (ҳарду аз Русия), дар даври ниманиҳоӣ боз як гуштигири русиягӣ Назар Меншиковро шикаст дод ва ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Ёқубҷон дар қувваозмоии ниҳоӣ Иван Дубинаро аз Беларус мағлуб кард ва барои ҷойи аввал бо медали тилло сарфароз гашт.
Ҷоми Аврупо барои гуштигирони навраси тоҷик дувумин мусобиқаи байналмилалӣ дар мавсими имсола ба шумор меравад. Ба ҳайати мунтахаби наврасони Тоҷикистон 9 варзишгар, ҳама писарон, шомил буданд.
Дар байни онҳо боз ду нафари дигар натиҷаҳои хубтар нишон доданд. Темур Маҳмадов дар вазни зери 81 кило ҷойи панҷум ва Шамоили Ҷаҳонгир дар вазни зери 73 кило ҷойи ҳафтумро соҳиб шуданд.
Дар Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо байни наврасон дар Твери Русия 274 варзишгар (172 писар ва 102 духтар) аз 14 кишвар (10 кишвари Аврупо ва 4 кишвари Осиё) иштирок дошт.





